Хабарҳо

Таҳлили дарси омӯзгори ҷавон
Дар кафедраи омори факултети ҳисобдорӣ ва омор устоди калони ҳамин кафедра Б. Бурҳонов дар мавзӯи «Тавозуни пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон: омилҳои таъсиррасонанда ва усулҳои танзими он» дарси кушод гузаронид.
Дар машғулияти назариявӣ мудири кафедраи омор, дотсент М. Буриева, сардори шуъбаи илмӣ-тадқиқотӣ Ё. Тилабов ва устодони кафедраи омор, аудит ва ревизия ва назарияи иқтисодӣ ширкат варзиданд.
Дарс тибқи ҷадвали тасдиқшудаи садорати факулта дар курси 3-юми ихтисоси таҳлили иқтисодӣ гузаронида шуда, дар он аз гурӯҳи академӣ 17 нафар донишҷӯ иштирок доштанд.
Б. Бурҳонов мавзӯи дарси кушодро бо фаҳмондани муҳиммияти мавзӯи интихобгардида оғоз намуда, афзуд, ки тавозуни пардохт ин системаи ҳисоботи оморӣ мебошад. Дар он ба таври мураттаб маълумоти ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои гузаронидашудаи амалиётҳои иқтисодии хориҷии резидентҳои Тоҷикистон бо резидентҳои кишварҳои дур ва наздик дар давраҳои муайяни ҳисоботӣ нишон дода мешаванд. Зарурати тартибдиҳии тавозуни пардохт ин баҳисобгузории натиҷаи ҷараёнҳои амалиётҳои иқтисодию тиҷоратӣ дар давраҳои ҳисоботӣ мебошад.
Б. Бурҳонов бо як маҳорати педагогӣ кӯшиш намуд маводи лозимиро ба донишҷӯён пешкаш намояд. Аз тарзи гузаронидани дарс ва моҳирона посух додан ба суолҳои донишҷӯён маълум гардид, ки ӯ ба дарс омодагии ҷиддӣ дидааст ва аз усулҳои гузаронидани дарс бархӯрдор аст.
Ҳамчунин дар муҳокима барои боз ҳам беҳтар гузаронидани дарс ба Б. Бурҳонов пешниҳодҳо ва маслиҳатҳои муфид дода шуд.
Наврӯз Ҷобиров