Хабарҳо

САSА-1000 аз лиҳози экологӣ безарар
Рӯзи 22 ноябри соли равон бо ибтикори кафедраи фанҳои табиатшиносӣ семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Устоди кафедра Вазира Орифҷонова дар мавзӯи «Татбиқи лоиҳаи интиқоли барқ САSА-1000 - ҳалли мушкилоти энергетикӣ, иқтисодӣ ва экологӣ» баромад намуд. Мавсуф дар бораи татбиқи лоиҳаи интиқоли барқ САSА-1000 ва бартараф сохтани мушкилоти энергетикӣ, иқтисодӣ ва экологӣ андешаҳои хешро иброз дошта, қайд кард, ки он аз ҷиҳати иқтисодӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатнок, аз лиҳози экологӣ безарар буда, ба кам гардидани моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфераи минтақаи Осиёи Ҷанубӣ мусоидат мекунад.
Инчунин дар муҳокимаи мавзӯъ устодон Х. Саидов, А. Маҳмадмуродов баромад намуда, қайд карданд, ки татбиқи лоиҳаи мазкур дӯстии байни мамлакатҳоро низ мустаҳкам менамояд.
Хамин тавр, семинар бо сухани ҷамъбастии мудири кафедраи фанҳои табистшиносӣ А. Қаландаров ба охир расид.
Фарзона Ашурова