Хабарҳо

Таҷлили Рӯзи Парчам Дар Хобгоҳ
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ 24 ноябри соли ҷорӣ дар хобгоҳи №1-и ДМИТ чорабинии сиёсӣ баргузор гардид.
Мутахассиси шуъбаи тарбия оид ба бахши хобгоҳҳо Ҷовид Боймуродов чорабиниро ҳусни оѓоз бахшида, донишҷӯёни муқими хобгоҳро ба ин рӯзи таърихӣ ва фаромӯшнашаванда табрик гуфта, ба онҳо бурдбориҳо таманно кард.
Дар ин чорабинӣ Фирӯзи Талбак, магистранти соли аввал ва Ҷомӣ Неъматов, донишҷӯи курси сеюм оид ба пайдоиши Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон маърузаҳои пурмуҳтаво намуданд.
Инчунин бахшида ба муносибати ин ҷашни бошукӯҳ якчанд донишҷӯёни фаъоли маҳфил бо Ифтихорномаи Раёсати илм ва инноватсия сарфароз гардонида шуданд.
Дар фарҷом донишҷӯён бо иҷрои шеъру суруд ва саҳначаҳои тарбиявӣ дар васфи Парчами давлатӣ табъи ҳозиринро болида сохтанд.
Ҷовидон Халифаев,
сардори бахши илми хобгоҳ