Хабарҳо

ВНМО - вабои аср
Ҳамасола дар ҷаҳон 1-уми декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бо ВНМО (ВИЧ/СПИД) таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат дар ДМИТ низ чорабинӣ доир гардид, ки онро ноиби ректори донишкада оид ба тарбия Зулфия Ахмедова ифтитоҳ намуд. Номбурда изҳор дошт, ки ВИЧ/СПИД бемориест, ки ба тамоми аҳли башар хатар дорад ва бояд бар зидди он дастаҷамъона мубориза бурд. Дар ҷаҳон ягон кишваре нест, ки ин вирус дар он ҷо доман паҳн накарда бошад.
Ҳамшираи тиббии бунгоҳи тиббии донишкада Меҳрона Ҳакимова, мутасаддии ВНМО Робия Раҳмонова ва намояндаи шуъбаи тиббӣ-машваратии ҷавонони маркази саломатии шаҳрии № 1 Нигина Камолова низ дар баромади худ доир ба ВИЧ/СПИД иттилои муфассал доданд. Дар маърӯзаи онҳо қайд гардид, ки мутаассифона, дар Тоҷикистон айни замон беш аз 8 ҳазор нафар ба ин вирус мубтало гаштаанд. Зикр гардид, ки роҳи асосии муҳофизат ва гирифтор нашудан ба вирусу бемориҳо дар дасти худи инсон буда, саломатии ҳар як шахс аз худи ӯ вобастагии калон дорад.
Дар рафти чорабинӣ бо ташаббуси бахши тарбия донишҷӯёни донишкада саҳначаҳои тарбиявӣ намоиш доданд. Инчунин ба тариқи саволу ҷавоб викторина сурат гирифт, то дониш ва фаҳмиши муҳассилин доир ба ин вабои аср боз ҳам мустаҳкамтар гардад.
Дар охир, ба ҳамшираи тиббӣ Меҳрона Ҳакимова барои фаъолияти пурмаҳсул Ифтихорномаи Раёсати донишкада ва ба донишҷӯёни дар ин озмун ғолибомада тӯҳфаҳо супорида шуд.
Насрулло Тӯйчизода