Хабарҳо

Баррасии роҳҳои таъмини амнияти озуқаворӣ дар мамлакат
Санаи 26 ноябри соли равон дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон маҳфили навбатии илмӣ-амалии «Коршиноси иқтисодӣ» баргузор гардид. Дар маҳфил раванди ташаккулёбии роҳҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, заминаҳои таърихӣ, илмию амалии омӯзиши муаммои мазкур дар замони ҳозира ба иштирокчиён пешниҳод гардид.
Ғиёсиддин Ашуров, муовини ректор оид ба илм кори маҳфилро ҳусни оғоз бахшида, иштирокчиёнро бо мазмун ва мундариҷаи мавзӯъ шинос кард. Таваҷҷуҳи ҳозиринро дар заминаи тақвият додани тадқиқотҳои илмӣ дар робита ба сайъю кӯшишҳои олимон ва мутахассисони соҳа, мақоми донишкада дар коркард ва пешниҳоди фикру дархостҳои муфиди роҳҳои таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар ҷалб намуд.
Баромадкунанда профессори кафедраи иқтисод ва идораи ДМИТ Ваҳоб Воҳидов дар мавзӯи: «Амнияти озуқаворӣ: ҳолат ва роҳҳои таъмини он дар Тоҷикистон» маъруза кард.
Чунонки Ваҳоб Воҳидов дар баромади хеш иброз дошт, асоси ташаккули амнияти озуқаворӣ, дуруст ба роҳ мондани омӯзиши ин масъала дар заминаи хусусиятҳои кишварҳои алоҳида, истифодабарии васеъ аз таҷрибаи онҳо бобати афзунгардонии ҳосилнокии зироатҳои ғалладонагӣ, техникӣ, боғу токпарварӣ ва полезӣ аз тариқи корҳои селексионӣ ба даст меояд. Дар оянда таъмин намудани амнияти озуқавории мамлакатро аз нигоҳи ҳарчи бештар истифодабарии усулҳои интенсивӣ маънидод кард.
Ҳамзамон дар маҳфил д.и.и., профессори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Абдураҳмон Мадаминов баромад карда қайд намуд, ки асоси таъмини амнияти озуқаворӣ пеш гирифтани таъминоти аҳолӣ бо озуқа, мувофиқагардонии ин ҷараён тибқи меъёрҳои тиббию физиологии онҳо мебошад. Лозим аст, ки аз таърихи ҷараёнгирии таъмини амнияти озуқавории мамлакатҳои пешқадам хулоса бароварда, бобати ҳарчи бештар пеш гирифтани ташаккулёбии ғизои безарар ба солимӣ ва давом ёфтани ҳаёти солим истифода барем.
Маҳфили навбатии илмӣ-амалии «Коршиноси иқтисодӣ» пурмазмун ва аз нигоҳи зарурати коркарди масъалаҳои методологияи баҳодиҳии таъминоти амнияти озуқаворӣ ҷолиб ва шавқовар гузашт.
Саъдихоҷа Маъдиев, н.и.и.,дотсент, котиби маҳфили «Коршиноси иқтисодӣ»