Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Конфронс: Самаранокии идоракунии молияи давлатӣ

Конфронс: Самаранокии идоракунии молияи давлатӣ

Имрӯз, 1 декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба «Дастгирии самтҳои интихобшудаи ислоҳоти идоракунии молияи давлатӣ (ИМД): Лот1» конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Самаранокии идоракунии молияи давлатӣ ва аҳамияти он дар рушди устувори иқтисодиёти миллии Тоҷикистон» кори худро оғоз кард. 
Дар кори конфронс олимону муҳаққиқон ва намояндагони вазорату идораҳои гуногуни ҷумҳурӣ, ташкилотҳои хориҷӣ, коршиносони хориҷӣ ва маҳаллии бахшҳои гуногуни иқтисод ва молия ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.
Конфронсро бо сухани ифтитоҳӣ ректори ДМИТ Солеҳзода Ашурбой ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла қайд дошт, ки баргузории конфронси байналмилалии мазкур дар асоси татбиқи Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба «Дастгирии самтҳои интихобшудаи ислоҳоти идоракунии молияи давлатӣ (ИМД): Лот1», ки дар донишкада амалӣ шуда истодааст, сурат мегирад. 
Konfrons0400.jpgМавсуф аз ҷумла афзуд, ки дар амалинамоии ҳадафҳои муҳимми ислоҳот дар самти мукаммалнамоии идораи молияи давлатӣ ва системаи омоданамоӣ ва такмилдиҳии кадрҳои ин соҳа дастгирӣ ва кумаки техникии Иттиҳоди Аврупо мусоидат менамояд. Барои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккули системаи омодасозии кадрҳои болаёқат ва ба талаботи замон ҷавобгӯ аз аҳамият холӣ нест ва бинобар ин ҳамроҳ намудани Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба татбиқи компоненти Лоиҳаи мазкур ва лоиҳаи марҳилаи аввал манфиатовар аст. Дар марҳилаи дуюми Лоиҳаи мазкур мақсадгузорӣ нисбати мукаммалгардонии низоми таълиму тадқиқот ба самти омӯзонидани гурӯҳи омӯзгорон нигаронида шуда, маркази ақлҳо ташкил карда шуд ва ба наздикӣ дар донишкада дар бахши магистратура ихтисоси идоракунии молияи давлатӣ ҷорӣ карда мешавад, гуфт А.Солеҳзода.
Сипас Раҳматулло Мирбобоев, муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамшед Нурмуҳаммадиён, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сироҷиддин Икромӣ, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Мачей Мадалински, намояндаи ИА, роҳбар оид ба ҳамкориҳо, Ясмин Гуэдар, сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад карда, рӯзмарра ва муҳим будани мавзӯи баррасишавандаро қайд ва ба кори конфронс барор хостанд.
Konfrons4001.jpgМачей Мадалински дар бораи татбиқи лоиҳа истода гузашт ва аз ҷумла қайд кард, ки татбиқи Лоиҳаи мазкур дар донишкада барои таъмини мутахассисони ҷавони сатҳи нав нигаронида шудааст. Айни замон дар донишкада се гурӯҳи корӣ фаъолияти тадқиқотӣ мебаранд, ки инҳо доир ба масъалаҳои макроиқтисодӣ, бозори меҳнат ва муҳоҷират ва буҷетикунонии минтақаҳо мебошад. Дар умум 40 нафар устодони донишкада дар таҳияи барномаи таълими фосилавӣ оид ба идоракунии молияи давлатӣ иштирок доранд, гуфт М. Мадалински.
Дар бахши «Рушди идоракунии молиявӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва буҳрони молиявӣ» маърӯзаҳои Сергей Тагор, ходими пешбари илмии Академияи хоҷагии халқ ва хадамоти давлатии Русия дар назди Президенти ФР., ш. Москва (АХХХДР) дар мавзӯи «Рушди тадқиқот ва молияи давлатӣ дар АХХХДР ва Донишкадаи сиёсати иқтисодии ба номи Е. Т. Гайдар» ва Мастура Буриева, н.и.и., дотсент, мудири кафедраи омори ДМИТ дар мавзӯи «Молияи давлатӣ дар низоми танзими давлатии рушди минтақаҳо» шунида шуда, дар атрофи онҳо музокираҳо сурат гирифт.
Дар бахши «Рушди макроиқтисодии Тоҷикистон ва равандҳои буҷетӣ» Сироҷиддин Икромӣ дар мавзӯи «Дастгирии давлатии соҳибкорӣ тавассути низоми бонкӣ» ва Петер Довчиак, корманди Лоиҳаи ИМД ИА дар мавзӯи «Моделсозии макроиқтисодӣ барои ИМД» баромад карданд.
Аз ҷумла Сироҷиддин Икромӣ дар баромадаш барои рушду тавсеаи бахши хусусӣ ва дастгирии соҳибкорӣ ба ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ пешниҳодҳои зерин кард, ба монанди дарёфти сармояи арзон ва дарозмуҳлат ва дар ин замина пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ва баланд бардоштани маърифати молиявии соҳибкорон.
Ҳамчунин маърӯзаҳои Сайдалӣ Саидраҳмонов, директори Ассотсиатсияи ҳифзи аҳолии н.Тоҷикобод дар мавзӯи «Дастгирии идоракунии маблағгузории давлатӣ», Парвиз Ғафуров, коршиноси Лоиҳаи ИА дар мавзӯи «Модели дурнамои даромадҳои давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Артак Кюрумян, коршиноси Лоиҳаи ИМД ИА дар мавзӯи «Саҳми буҷет ва равандҳои буҷетӣ дар ноилгардии ҳадафҳои стратегии ҳукумат», Галина Курляндская, коршиноси Лоиҳаи ИМД ИА – «Буҷетикунонии фаромиллӣ дар доираи Барномаи миёнамуҳлати хароҷоти давлатӣ», Наиля Менлашева, коршиноси ХБА дар мавзӯи «Корхонаҳои давлатӣ ва хавфҳои фискалӣ» маърӯзаҳои пурмуҳтаво ва пешниҳодҳои асосноки илмӣ карданд.
Пагоҳ, конфронс корашро идома медиҳад.


Машҳура Абдуллоева