Хабарҳо

ДМИТ муаррифӣ шуд
Имрӯз, 2-юми декабр дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Самаранокии идоракунии молияи давлатӣ ва аҳамияти он дар рушди устувори иқтисодиёти миллии Тоҷикистон» корашро идома дод.
Дар бахши «Рушди ояндаи ДМИТ дар самти маркази ақлҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ашурбой Солеҳзода, ректор презентатсияи ДМИТ-ро намоиш дода, дар бораи ҳадаф, вазифаҳо ва самтҳои фаъолияти ДМИТ маълумоти муфассал дод. Тавре Солеҳзода А. изҳор дошт, ҳадафи асосии донишкада ин пешсафӣ дар арсаи миллӣ ва байналмилалӣ дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи молия ва иқтисод мебошад. Дар муддати чаҳор соли фаъолият дар донишкада вобаста ба талаботи бозори меҳнат номгӯйи ихтисосҳо аз 24 то 37 адад расонида шуд.
Мавсуф, ҳамчунин доир ба курси магистрии идоракунии молияи давлатӣ, ки аз моҳи сентябри соли 2017 ҷорӣ карда мешавад, иттилоъ дода, қайд дошт, ки дар он метавонанд кормандони мақомоти молияи маҳаллӣ таълим гиранд. Хатмкунандагони магистратура дорои қобилияти банақшагирии самаранок ва ояндабинии даромади буҷетӣ ва стантдартҳои баҳисобгирии ватанӣ ва байналмилалӣ шуда, инчунин усулҳои идоракунии самараноки хазинадориро меомӯзанд.
Ҳамчунин Ғиёсиддин Ашуров, муовини ректор оид ба илм презентатсия дар бораи услубҳои нави таълим, «Маркази ақлҳо» (Think Tank) ҳамчун кафили сифат баромад карда, афзуд, ки дар ин марказ чанд нафар устодони донишкада оид ба макроиқтисод, идоракунии молияи давлатӣ ва методологияи тадқиқот омӯзонида шуда, барои машваратдиҳӣ ва коркарди идеяҳо вобаста ба муаммоҳои алоҳидаи иқтисодӣ кор мебаранд.
Баҳром Сафаров, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ дар бораи Маркази такмили ихтисоси назди ДМИТ ба тариқи презентатсия маълумот дода, дар бораи фаъолияти ин зерсохтори донишкада маълумоти муфассал дод.
Манзура Кошонова, директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии «Молия»-и назди ДМИТ низ дар бораи фаъолияти ин маркази тадқиқотӣ ба иштирокчиёни конфронс иттилоъ дод.
Дар бораи фаъолияти густурдаи имрӯза ва нақшаҳои ояндаи Парки технологӣ-инноватсионии ДМИТ директори он Фаридулло Убайдуллоев ба воситаи презентатсия ҳозиринро ошно сохт.
Баъдан меҳмони хориҷӣ Сергей Приходко, директори иҷроияи Донишкадаи сиёсати иқтисодии ба номи Е.Т.Гайдар низ дар бораи самтҳои фаъолияти ин муассиса ба ҳозирин маълумот дод. Тавре мавсуф қайд кард, самтҳои фаъолияти ин муассиса фарох буда, фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, машваратӣ, нашриётӣ, баргузории конфронсу семинарҳо аз самтҳои муҳиму асоситарин ба шумор мераванд. Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, тавре Приходко С. қайд кард, ба омӯзиши масъалаҳои сиёсати буҷетӣ, сиёсати инноватсионӣ, иқтисодиёти аграрӣ, идоракунии молияи давлатӣ равона гардидаанд.
Сипас байни Донишкадаи сиёсати иқтисодии ба номи Е.Т.Гайдар (Москва) ва Академияи хоҷагии халқ ва хадамоти давлатии Русия дар назди Президенти Федератсияи Россия (Москва) ва Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар самти фаъолияти якҷояи илмию педагогӣ ва таълимию методӣ баста шуд.
Дар нимаи дуюми рӯз конфронс идома ёфта, дар умум 26 маърӯзаҳои илмӣ шунида ва муҳокима карда шуданд. Маърӯзаҳо асосан баррасии масъалаҳои таҳлили муқоисавӣ ва такмили минбаъдаи низоми андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои методологии таҳлили минтақавӣ дар кишвар, рушди назорати молиявии давлатии дохилӣ дар бахши давлатӣ, таҳлил ва механизмҳои мушкилоти танзими таваррум дар кишварро фарогир буданд ва дар заминаи онҳо мубоҳисаҳо сурат гирифт.
Дар ҷамъбасти конфронси байналмилалӣ дар заминаи корҳои тадқиқотӣ ба вазорату идораҳои дахлдор таклифу пешниҳодҳои амалишаванда карда мешаванд.
Машҳура Абдуллоева