Хабарҳо

Таҷлили Рӯзи молиячиён дар ДМИТ
Ҳамасола дар кишвар рӯзи 7 декабр ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти молия таҷлил мегардад. Ба ин муносибат имрӯз, 6 декабр бо ибтикори кафедраи молия ва муомилоти пулӣ дар Донишкадаи молия ва иқтисод мизи мудаввари донишкадавӣ дар мавзӯи «Муаммоҳои молиявии рушди иқтисодиёти миллӣ дар шароити муосир» баргузор гардид.
Ғиёсиддин Ашуров муовини ректор оид ба илм чорабиниро оғоз намуда, тамоми кормандони соҳаи мазкурро ба муносибати иди касбиашон табрик гуфт.
Сипас Мустафо Ниёзов, муовини директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва бозомӯзии кормандони Бонки миллии Тоҷикистон кормандони соҳаи молияро бо иди касбиашон табрик намуда, иброз дошт, ки низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ яке аз шохаҳои асосии низоми молиявии мамлакат ба ҳисоб меравад. Дар низоми бонкии кишвар низ муаммоҳои гуногун мавҷуданд, ки яке аз онҳо ин сатҳи пасти сармоякунонии бонкҳо аз ҷониби худи саҳмдорони бонкҳо мебошад. Яке аз омилҳои асосии қаноатбахш набудани ҳолати молиявии бонкҳои калони низомсози мамлакат ин таъсири пайдарпайи буҳрони молиявии ҷаҳонӣ ва мавҷуд набудани имтиёзҳо баҳри ҷалби сармоягузорони бурунмарзӣ мебошад. Барои ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ва раҳо кардани ташкилотҳои молиявӣ аз ҳолати буҳронӣ аз ҷониби Бонки миллии кишвар як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, пешниҳодҳои гуногун барои беҳтар кардани вазъи ҷалби сармоягузорон ба нақша гирифта шуда, дар арафаи иҷроиш қарор доранд.
Ҳамзамон дотсенти кафедра Гулмаҳмад Оймаҳмадов дар мавзӯи «Муаммоҳои паст намудани вобастагии молиявии рушди иқтисодиёти миллӣ аз омилҳои беруна» маърӯза карда, афзуд, ки дар таркиби соҳаҳои иқтисодиёти Тоҷикистон, ки ба истеҳсоли ММД машғуланд, як хусусияти аз низоми нақшавӣ ба иқтисодиёти бозорӣ меросгузошта мушоҳида мегардад, ки моро зарур аст онро куллан дигаргун созем. Ин ҳам бошад, наздики 31 фоизи воситаҳои истеҳсолӣ дар иқтисодиёт коркунанда ба соҳаҳои мавсимӣ коркунанда (пахтатозакунӣ, консервапазӣ, пиллакашӣ, шаробкашии аввалия, кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва фароғатгоҳҳо) тааллуқ доранд, ки ҳосилнокии меҳнату боздеҳи фондҳояшон бо даромаднокӣ ва музди корашон 50 фоизи корхонаҳои дар соҳаҳои доимокоркунанда фаъолиятдоштаро ташкил медиҳад. Ба замми ин, агар миқдори гардиши воситаҳои гардони корхонаҳои доимокоркунанда ба ҳисоби миёна 4-5 гардишро дар як сол ташкил диҳад, дар соҳаҳои мавсимикоркунанда 1-1,5 гардишро ташкил менамояд.
Бояд ҳаминро қайд кард, ки ҳиссаи саноати Тоҷикистон дар ММД нисбати кишоварзӣ бештар аз ду маротиба камтар мебошад. Барои ба давлати саноатӣ табдил додани иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон саноат бояд сатҳи рушди ду-секаратаи истеҳсоли ММД-ро нисбати кишоварзӣ дошта бошад. Имрӯз саноати Тоҷикистон нисфи ҳамон иқтидорро дорад, гуфт Оймаҳмадов Г.
Ҳамчунин Саидҷон Ҳомидов, донишҷӯи курси 4, ихтисоси молия дар мавзӯи «Нақши буҷети давлатӣ дар рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ» маърӯзаи пурмуҳтаво кард.
Дар фарҷом миёни иштирокдорон ва маърӯзачиён музокира сурат гирифт.
Хисрав Муҳиддинов