Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Соҳаи молия бахши муҳимми иқтисодиёти миллист

Соҳаи молия бахши муҳимми иқтисодиёти миллист

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молия рӯзи 7 декабр дар донишкада ҷаласаи тантанавӣ доир гардид. 
Ректори донишкада Солеҳзода Ашурбой ҳозирин ва тамоми кормандони соҳаи молияро ба муносибати иди касбиашон муборакбод гуфт ва ҳамчунин паёми табрикии вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён Каримро ба аҳли толор расонида гуфт, ки таҷлили ин ҷашн эътирофгари саҳми барҷастаи кормандони мақомоти молия дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, рушди мамлакат ва ташаккули ҷомеаи навин ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин Вазорати молия ниҳоди муҳимест, ки дар пешбурди сиёсати ягонаи давлатии молиявӣ, татбиқи сиёсати назорати давлатии молиявӣ, татбиқи сиёсати буҷету андоз, баҳисобгирии муҳосибӣ ва татбиқи сиёсати хароҷотҳои давлатӣ фаъолият мебарад.
Мавсуф дар бораи низоми молиявии кишвар сухан ронда, аз ҷумла қайд кард, ки низоми молия дар ҳар як кишвар вазифаи ниҳоят муҳимми тақсимкунӣ ва азнавтақсимкунии захираҳои молиявиро бар дӯш дошта, он барои кам кардани сатҳи камбизоатӣ, таъмини баланди иҷтимоии аҳолӣ ва дар охир барои таъмини зиндагии шоистаи мардум ниҳоят муҳим мебошад. Аз ин лиҳоз, аз кормандони соҳаи молия ва дигар мақомоте, ки бевосита дар соҳаҳои мухталифи молия фаъолият мебаранд, рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҳар як кишвар вобастагии зиёд дошта, фаъолияти самарабахши соҳаи молия, пеш аз ҳама, аз дараҷаи таъмин будани он бо кадрҳои баландихтисос алоқаманд аст ва ДМИТ дар омода намудани мутахассисони соҳа саҳми назаррас мегузорад, гуфт дар охир ректор.
Rmoliya4001.jpgДар маҷлис ду маърӯза бахшида ба масъалаи мазкур шунида шуд. Оймаҳмадов Гулмаҳмад, дотсенти кафедраи молия ва муомилоти пулии донишкада дар мавзӯи «Ислоҳоти бахши низоми молиявӣ дар мамлакат» ва Саидҷон Ҳомидов, донишҷӯи курси 4, ихтисоси молия дар мавзӯи «Нақши буҷети давлатӣ дар рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ» маърӯзаҳои пурмуҳтаво карданд.
Гуфта шуд, ки ташкил ва хароҷоти захираҳои молиявии дар буҷет гирдовардашуда на танҳо бо ёрии вазифаҳои азнавтақсиму назорат, танзим ва таъмини мутаносибият, балки бо истифода аз вазифаи иттилоотии буҷет, яъне индикатори ҳолати ҷории иқтисодиёти мамлакат амалӣ гардида, сатҳи амалинамоии афзалиятҳои иҷтимоию иқтисодии ҷамъиятиро инъикос менамояд. Аз маълумотҳои оморӣ бармеояд, ки буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон характери иҷтимоӣ дошта, ҳаҷми он сол то сол меафзояд.
Дар охири ҷамъомад як қатор мусобиқаҳои ба ин рӯз бахшидашуда ҷамъбаст ва ғолибон бо Диплому Ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд. Ғолиби мусобиқаи шоҳмот дар байни донишҷӯён Нуриддинзода Мумтоз, донишҷӯи курси 1, факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ бо Дипломи дараҷаи 1 ва туҳфаи хотиравӣ сарфароз гардонида шуд. Зиёев Шафеъулло, донишҷӯи курси 2, факултети молия ва қарз ва Мирзоқандов Ёмин, донишҷӯи курси 1, факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ бо Дипломҳои дараҷаи 2 ва 3 ва туҳфаҳо мукофотонида шуданд. Аз байни духтарон Унайтуллоева Аниса, донишҷӯи курси 2, факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ бо туҳфа қадрдонӣ карда шуд.
Федератсияи панкриатиони Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҷӯи факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт Фарид Чоршанбиевро барои ғолибият дар мусобиқаи ин намуди варзиш байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон бо Ифтихорнома сарфароз гардонид. 
Ҳамзамон аз Клуби соҳибкорони ҷавон ва аз номи раиси ноҳияи Фархор Раҳимзода Раъно барои ҳамкориҳои судманд ба донишкада Сипоснома расонда шуд.


Машҳура Абдуллоева