Хабарҳо

Гумрукчиёни замони муосир
28 ноябри соли равон кафедраи фаъолияти гумрук маҳфили навбатии «Гумрукчии замони муосир»-ро дар мавзӯи «Муқаддасоти миллӣ ва аҳамияти он дар пойдории миллат» доир намуд. Мудири кафедра, дотсент Қ. Мираков дар ин мавзӯъ суханронӣ намуда, қайд кард, ки имрӯз дар баробари ваҳдати миллӣ ва Истиқлолият муқаддасоти миллӣ низ аз аҳамияти хосса бархӯрдор мебошад. Аз ин хотир, моро зарур аст, ки муқаддасоти миллӣ ва арзишҳои миллиамонро ҳифзу ҳимоя намоем ва онҳоро ба таври бояду шояд эҳтиром намоем.
Ҳодисоти охире, ки дар кишварҳои алоҳида ба вуқӯъ мепайвандад, моро ҳушдор менамояд, ки ба қадри арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти миллии худ, оромию осоиштагӣ ва сулҳу суботи кишварамон бирасем.
Сипас раиси маҳфил З. Ҳалимхонов баромад ва доир ба дастовардҳои ҷавонон дар солҳои истиқлолият ва комёбиҳои онҳо дар сабқатҳои байналмилалӣ ёдовар шуда, изҳор дошт, ки варзиш низ ҳамчун қосиди сулҳ дар таҳкими арзишҳои миллӣ нақши сазовор мегузорад.
Инчунин донишҷӯёни ихтисоси хадамоти гумрук Суҳроб Раҷабов, Ҳикматёр Соҳибов ва Саидшоҳ Алиев доир ба Парчами миллӣ, Конститутсия ва паҳлӯҳои иҷтимоии он баромад намуданд. Дар фарҷом байни иштирокчиён мубоҳиса сурат гирифт.
Насрулло Тӯйчизода