Хабарҳо

Имтиҳони маҳорати педагогӣ
7.12.2016 сол. Имрӯз раёсати таълими донишкада баъди баанҷомрасии курсҳои омӯзишии маҳорати педагогӣ аз ассистентон ва муаллимони ҷавони кафедраҳо, ки тӯли аз 9 ноябр то 7 декабри соли равон дарс хонда, ихтисоси муаллимиро такмил доданд, имтиҳон қабул кард.
Қайд бояд кард, ки ба курсҳо ассистентҳои навкор ва собиқадор фаро гирифта шуда буданд ва ҳар кадом бо мақсади рафъ намудани камбудиҳо дар дарсҳо, мушкилиҳо дар раванди таълим, билохира муваффақ шудан дар кори таълиму тарбия ва дар сатҳи зарурӣ омодасозии мутахассисони оянда фаъолмандӣ нишон доданд.
Омӯзгорон дар ҳузури н.и.п., дотсент Носиров С.Ш., сардори шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълими ДМИТ Холбобоев Р. ва сармутахассиси ҳамин шуъба Иброҳимов Д. имтиҳон супориданд. 29 нафар бомуваффақият имтиҳон супориданд ва он воқеӣ ва шаффоф сурат гирифт.
Бояд гуфт, ки баргузории курсҳои такмили ихтисос ва иштироки фаъолонаи омӯзгорони ҷавон дар онҳо метавонад ба боло бурдани савияи дониш ва тарбияи ҳамаҷонибаи мутахассисони оянда таъсири мусбӣ расонад.
М. Абдуллоева