Хабарҳо

Омӯзиши усулҳои таҳқиқоти илмӣ
8.12.2016. Имрӯз ректори донишкада, муҳтарам Солеҳзода Ашурбой семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Усулҳои таҳқиқоти илмӣ» баргузор намуд, ки дар он устодон, магистрантон, аспирантону унвонҷӯён ва докторантон ширкат варзиданд. Мақсади гузаронидани семинар ин дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, навиштани мақолаҳои илмӣ, рисолаи магистрӣ, рисолаҳои номзадӣ, интихоби мавзӯъҳои проблемавӣ, бурдани таҳқиқот, навиштани лоиҳаҳо ва дастрасӣ ба мавзӯъҳои нави илмӣ-фармоишӣ мебошад.
Чӣ тавре ки Солеҳзода А. қайд намуд, имрӯзҳо дар соҳаи истеҳсолот камчинии мутахассисон ба назар мерасад. Барои бартараф кардани мушкилии ба вуҷудомада мутахассисони ҷавонро зарур аст, ки ҳарчи бештар корҳои илмӣ-тадқиқотӣ баранд, нозукиҳои соҳаи худро сидқан аз худ намоянд, забонҳои хориҷиро омӯзанд. Яке аз шарти асосии ба кор қабул кардани корманд дар тамоми сохторҳои давлативу ғайридавлатӣ донистани забонҳои хориҷӣ маҳсуб меёбад.
- Мақсади ҳар як толибилм ин бояд хондан бошад, на дипломгирӣ. Аз ин рӯ, ҳар як мутахассиси ҷавон бояд таҳлил ва пешниҳод карданро дар корҳои илмӣ аз худ кунад аз таърихи илм бархӯрдор бошад, гуфт ректор.
Мавсуф дар бораи мактабҳои илмии иқтисодӣ аз нуқтаи назари таҳаввулот, схоластика – таҷрибаи аввалини ба низомдарории ислоҳоти илмӣ, иқтисоди сиёсӣ – илм оид ба бойигарии халқҳо, экономикс – илм оид ба истифодаи оқилонаи захираҳои маҳдуд, усули назарияи иқтисодӣ, мантиқи зоҳирӣ, усул ва тарзҳои дарккунии мантиқӣ-зоҳирӣ маълумоти муфассал дод.
Ёдовар мешавем, ки семинар рӯзҳои 9 ва 10 декабр идома меёбад.
Хисрав Муҳиддинов