Хабарҳо

Як соли фаъолияти ДМИТ
Рӯзи 15 декабри соли 2016 дар донишкада ҷаласаи васеи ғайринавбатии Шӯрои олимон бо иштироки ҳайати профессорону устодон ва кормандон баргузор шуд. Дар он Маҳмудхон Шоев, муовини сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дошт.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа ҳисоботи ректори донишкада Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид оид ба натиҷаҳои фаъолияти ДМИТ дар соли 2016 ва вазифаҳо барои соли 2017 шунида шуд, ки фарогири фаъолияти тамоми ҷабҳаҳои донишкада дар муддати соли ҳисоботӣ буд.
Ректори донишкада дар бораи натиҷаҳои фаъолияти яксолаи донишкада муфассал суханронӣ карда, барои соли 2017 вазифаҳоро муқаррар кард. Дар баромади мавсуф ҳамаи паҳлуҳои фаъолияти сохторҳо ҳамаҷониба таҳлил ва нисбати беҳбудӣ бахшидан дар самти корҳои таълимию методӣ, илмӣ, тарбиявӣ, равобити байналмилалӣ ва молиявию хоҷагидорӣ андешаҳои ҷолиб иброз гардид.
Мавсуф аз ҷумла қайд кард, ки ҷамъбасти соли 2016 бозгӯи он аст, ки дар фаъолияти ДМИТ муваффақиятҳои назаррас ба даст омадаанд, ки натиҷаи ташкили дурусти раванди таълим, роҳбарӣ, дастгирӣ ва назорати мунтазами фаъолияти ҳайати профессориву омӯзгорӣ ва тамоми кормандон мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки маҳсулнокии меҳнати кормандони донишкада дар ҳамаи самтҳои фаъолияти таълимӣ беҳтар гардидааст. Дар соли ҳисоботӣ донишкада дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар байни 33 муассиса ҷойи чорумро сазовор гашт. Ҳамчунин донишкада дар озмуни «10-гонаи беҳтарин макотиби олии Тоҷикистон-2016» аз рӯйи номинатсияи Шароити мусоид (фароҳам овардани шароит барои таҳсил ва зист) ғолиб омада, бо Ҷом ва Диплом мукофотонида шуд.
Дар ҷодаи илм низ дастовардҳои омӯзгорону донишҷӯён назаррасанд, аз ҷумла дар ин сол 5 нафар аспирантон рисолаи номзадиро бомуваффақият ҳимоя карданд.
Ҳамин тавр, дастовардҳои таълимӣ, илмию методӣ ва тарбиявӣ муайянкунандаи мақом ва мартабаи донишкада дар ҷумҳурӣ ва берун аз он мебошад.
Дар баробари қаноатмандӣ аз пешравиҳои фаъолияти меҳнатӣ, ҳамзамон ректор ба нуктаҳое таваҷҷуҳ зоҳир кард, ки онҳо метавонанд дар рушди таълимгоҳ монеа эҷод намоянд. Аз ҷумла, иҷро нагардидани нақшаи нашр, бо сабаби нокифоя будани шумораи мақолаҳои илмӣ ба таъхир афтодани чопи маҷаллаи илмии «Паёми ДМИТ», ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул нашудани бархе аз муаллимони калон, камбудиҳо дар фаъолияти кории баъзе аз кураторон ва як қадар камбудиҳои ҷузъии фаъолияти сохторҳои алоҳидаро чун тақвияти эродҳои зикршуда таъкид кард.
Ҳамзамон сарвари таълимгоҳ дар ҷамъбаст ҳадафи асосии кормандон ва ҳайати профессориву омӯзгории донишкадаро дар тарбияи мутахассиси фаъол ва созанда, инчунин дар донишҷӯён тарбия кардани эҳсоси худогоҳии миллӣ ватандӯстӣ донист, ки ин ҳама барои ноил шудан ба дастовардҳои навин мусоидат менамоянд. Омили муҳимми таъмини рушди донишкада ва баланд бардоштани сифати таълим мунтазам такмил додани стандартҳои давлатии таҳсилот, нақшаву барномаҳои таълимӣ ва сайқал додани савияи дониши устодон тавассути курсҳои такмили ихтисос мебошад, ки дар арзёбии сифати таҳсилот ва сатҳи донишандӯзии донишҷӯён нақши муҳим ба ҳисоб меравад ва дар таълимгоҳ ин қабил курсҳо пайваста ташкил ва гузаронида мешаванд, гуфт ректор.
Дар ҷамъбаст, ҷиҳати беҳтар кардани корҳои таълимию методӣ ва илмиву тарбиявӣ барои соли 2017 иҷрои баъзе корҳо муҳим арзёбӣ гардида, вобаста ба ин масъулини сохторҳо муваззаф карда шуданд ва Солеҳзода А. соли 2017-ро соли инноватсия, соли ташаббускорӣ ва худидоракунии ҷавонон арзёбӣ кард.
Баъдан устодон Асадулло Муллоҷонов, Амрулло Нурализода, Сайидалӣ Ҳаитов, Содиқ Бойматов ба музокира баромада, ҳисоботи яксолаи фаъолияти донишкадаро қаноатбахш ҳисобида, барои бартараф кардани баъзе камбудиҳо тавсияҳои судманд доданд.
Намояндаи Вазорати маориф ва илм Шоев М. аз баромадҳо натиҷагирӣ карда, афзуд, ки ба мақоми донишгоҳ пешбарӣ намудани ДМИТ ин натиҷаи заҳматҳои аҳли коллективи меҳнатӣ аст. Иқтидори зеҳнии донишкада имкон медиҳад, ки муаммои таъмини китобҳои дарсӣ ва васоити таълимӣ бо забони давлатӣ дар таълимгоҳ ҳал карда шавад. Мавсуф ташкил ва гузаронидани курсҳои омӯзиширо дар бахши технологияҳои муосир ва маҳорати педагогӣ дастгирӣ карда, таъмини самаранокии онҳоро пешниҳод намуд.
Дар охири ҷаласа бархе аз устодону донишҷӯён, ки дар соли 2016 дастовардҳои навин ба даст оварданд қадрдонӣ гардиданд, аз ҷумла ба Шомадова Нилуфар дипломи номзадии КОА-и ФР дар вазъи тантанавӣ супорида шуд. Ба донишҷӯёну магистрантон - Маллаева Манзура, Ҳасанов Сафармурод, ки дар олимпиада-озмуни ҷумҳуриявӣ барои дарёфти “Ҷоми Академия” иштирок ва ҷойи сеюмро ишғол карданд, Диплом ва ба Назарзода Аҳлиддин, Шаропов Шарифҷон, Солихуҷаев Муҳаммадиқбол, Воҳидов Алишер, Каримов Ашурбой барои иштироки фаъолона Ифтихорномаи АИ ҶТ супорида шуд. Ҳамчунин ба дастаи “Нур”, ки дар барномаи “Интеллект-шоу”-и телевизиони Сафина дар соли 2016 ғолиб омаданд, ҷом ва Ифтихорномаи ин ниҳод тақдим гардид.
Машҳура Абдуллоева