Хабарҳо

Омӯзиши низоми идоракунӣ
Рӯзи 13 декабри соли равон бо ташаббуси кафедраи иқтисод ва идора маҳфили илмии донишҷӯён дар мавзӯи «Низоми идоракунӣ» доир гардид.
Дар оғоз д.и.и., профессори кафедра Воҳидов В.В., баромад намуда, оид ба масъалаҳои муҳимми имрӯзу гузаштаи низоми идоракунии давлатию ғайридавлатӣ сухан ронд ва қайд кард, ки, дар замони муосир бе низоми идоракунии устувор ва бидуни идоракунандаи моҳиру кордон пешравиҳои соҳаҳо ва инчунин корхонаву ташкилотҳои муосир ғайриимкон аст.
Дар маҳфил донишҷӯёни курсҳои 4-уми ихтисоси идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ баромад карданд, аз ҷумла Назаров А., дар мавзӯи «Идораи давлатӣ ҳамчун илм ва пайдоиши аввалин давлатҳо», Гулаёзов Ш. дар мавзӯи «Туризм ва нақши он дар рушди иқтисоди миллӣ», Абдуллоев О. дар мавзӯи «Низоми идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқоисаи он бо давлатҳои дигар».
Мақсад аз баррасии масъалаи мазкур ин, пеш аз ҳама, муайян сохтани проблемаҳои муосири идоракунӣ ва роҳҳои бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдоштаи он ва ба донишҷӯён ҳамчун кадрҳои ҷавон расонидани он буд.
Раҳматулло Қаландаров, роҳбари МИД