Хабарҳо

Мастер-класс аз Маъдиев С. доир ба навиштани корҳои хаттӣ
Дар факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт рӯзи 17-уми декабри соли равон маҳфили илмӣ-назариявии коршинос, мутахассис дар мавзӯи «Ҳавасмандии донишҷӯён доир ба навиштани корҳои хаттии КМД, КМРО, кори курсӣ, кори хатмкунӣ ва рисолаи магистрӣ» аз тарафи дотсент Маъдиев С. ва декани факултет баргузор гардид. Сараввал декани факултет А. Нурализода маҳфилро боз намуда, ҳадафи баргузории маҳфилро дар тақвият бахшидани донишҳои толибилмон дар бораи тарзи дурусти навиштани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ арзёбӣ кард, ки барои донишҷӯён хеле муфид ва саривақтист.
Баъдан Маъдиев С. оид навиштани корҳои хаттӣ ва тарзи дурусти пешниҳод намудани он аз тарафи кафедраҳо ва тибқи намуна дуруст интихоб намудани он аз тарафи донишҷӯён, актуалӣ будани мавзӯъҳо ва дар доираи мавзӯъҳои тадқиқшаванда зина ба зина аз курси якуми зинаи бакалавр то давраи магистратура навиштани корҳои хаттиро ёдрас шуд. Тавре мавсуф қайд кард, саривақт ба роҳбари илмӣ пешниҳод намудан ва дурустии онро шарҳ дода, татбиқи онро бо таҳлил ва нишондиҳандаҳои оморӣ ва барномавӣ иҷро кардан аз донишҷӯ маҳорати баланди тахассусиро талаб мекунад ва дар муддати таҳсил дар донишкада толибилм бояд аз инҳо бархӯрдор бошад.
Дар маҳфил устодону донишҷӯён иштирок карда, оид ба баррасии масъалаи мазкур суҳбати озод намуданд ва дар натиҷа хулосаҳои зерин карда шуд, аз ҷумла ба ҳар як донишҷӯ як мавзӯи илмӣ пешниҳод карда шавад, тамоми корҳои хаттии солҳои гузашта аз барномаи антиплагиат гузаронида, бо мавзӯъҳои соли ҷорӣ муқоиса карда шаванд.
Хулоса, аз тренинги мазкур донишҷӯён ва магистрантон бардоштҳои муфиде гирифтанд.
М. Абдуллоева