Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Худидоракунии маҳаллӣ ҳамчун институти иҷтимоию ҳуқуқӣ

Худидоракунии маҳаллӣ ҳамчун институти иҷтимоию ҳуқуқӣ

Бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ 8 декабр дар донишкада семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои иқтисодӣ ва молиявии мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар шароити инкишофи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Декани факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ Ҷ. Шарипов ва мудири кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ С. Ҳаитов дар оғоз суханронӣ намуда, доир ба моҳияти мавзӯъ, проблемаҳои ҷойдошта, рушди иқтисодиёт дар ҷамоату маҳалҳо андешаҳои хешро баён сохтанд. 
Сипас номзади илмҳои фалсафӣ, муаллими калони кафедраи ҳуқуқи молиявӣ Зоҳир Қодиров дар мавзӯи дар боло зикргардида маърӯза намуд. Гуфта шуд, ки худидоракунии маҳаллӣ ҳамчун институти иҷтимоию ҳуқуқӣ дар низоми муносибатҳои байниҳамдигарии ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеа, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат мавқеи миёнравиро ишғол намуда, дар низоми идоракунии давлат алоқаҳои бевосита ва баргаштро таъмин менамояд. Ҳамзамон масъалаи асосҳои иқтисодӣ - молумулкӣ ва муносибатҳои молиявию буҷетии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот баррасӣ шуд.
Семинар бо саволу ҷавоб ва музокирот ҷамъбаст гардид.



Насрулло Тӯйчизода