Хабарҳо

Ҷавонон, манфиатҳои миллӣ, истиқлолият ва ягонагӣ
Бо ҳамин мазмун санаи 20 декабри соли ҷорӣ бо ташаббуси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо шуъбаи тарбия ва созмони ҷавонони Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо иштироки олимону муҳаққиқони ҷавон дар донишкада мизи мудаввар доир гардид.
Онро мудири бахши ҷавонони ноҳияи Сино Давлатзода Абдулло ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки дарк ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ ба аксар вақт дар муносибату равобити байни давлатҳо падид меояд.
Дар гузашта манфиатҳои миллиро тавассути артиш ва дигар воситаҳои ҳарбӣ ҳимоя мекарданд. Айни замон бошад, он тавассути робитаҳои дипломатӣ, идеологӣ, иқтисодӣ ва ВАО ҳифз мегардад, афзуд номбурда.
Сипас Манижа Баҳромзода, докторанти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Баррасии масъалаҳои НБО-и Роғун дар матбуоти Русия (дар мисоли рӯзномаи «Независимая газета»), Фирӯз Хоҷаев, мудири бахши ҷавонони Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар ташаккули ҲХДТ», Дилноза Қурбонова, роҳбари клуби волонтёрони бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳяи Сино дар мавзӯи «Терроризм ва даҳшатафканӣ василаи ба коми хун кашидани дунё ва хатаре дар самти ҳимояи манфиатҳои миллии давлатҳо» ва Каримҷон Салимзода, роҳбари клуби волонтёрони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҷавонон ва истиқлолияти давлатӣ» маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.
Дар охир қайд гардид, ки имрӯз дар Тоҷикистон таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи якпорчагии кишвар, тамомияти арзӣ, суботу осоиштагии давлат, амалинамоии ҳадафҳои стратегии кишвар, таъмини авлавиятҳои иҷтимоӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ аз масъалаҳои аслии мавзӯи манфиати миллӣ қарор гирифтааст.
Хисрав Муҳиддинов