Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Паёми навбатии Пешвои миллат

Паёми навбатии Пешвои миллат

22 декабр дар «Кохи Сомон» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми навбатӣ ба Парлумони кишвар баромад намуда, доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар ҷаласаи чоруми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои кишвар, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва ВАО иштирок доштанд.
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавассути тамоми шабакаҳои радио ва телевизионҳои давлатӣ мустақиман пахш гардид.

Аҳли кормандон ва устодону донишҷӯёни ДМИТ низ дар се толор суханрониҳои Пешвои миллатро бодиққат гӯш карда, нуктаҳои муҳими онро барои худ қайд карданд.