Хабарҳо

Маҷлиси аҳли илм, маҷлиси нур аст!
Худшиносӣ, риояву эҳтироми арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ аз ҷумлаи мавзӯъҳои муҳиме буданд, ки зимни вохӯрии устодону донишҷӯёни донишкада бо имомхатибон, намояндагони ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷаласаро нахуст муовини ректор Шукрулло Хайров ифтитоҳ намуда, аз баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни донишҷӯён баҳри пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, пойдории хештаншиносиву худогоҳии миллӣ ҳарф зада, изҳор дошт, ки раёсати ДМИТ нисбат ба тарбияи ҳаматарафаи донишомӯзон бетараф набуда, баҳри омодасозии кадрҳои ҷавобгӯи бозори меҳнат доимо чораҳои заруриву муассирро роҳандозӣ менамояд. Ба андешаи мавсуф, ҳадафи асосии Ҳукумати мамлакат дар самти сиёсати давлатии ҷавонон тарбияи ҳаматарафаи донишҷӯёну насли ҷавон буда, бояд ин насли ояндасоз дар муносибат ба дин, на бар хилофи арзишҳои диниву умумибашарӣ, балки ватандӯсту хушахлоқ тарбия ёбанд. Ҳифзи дини ислом, муқаддас донистани арзишҳои милливу исломӣ ҳадафҳои дигари бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Зеро, агар дар ҷомеаи мутамаддин сулҳу субот набошад, он гоҳ рукнҳои исломӣ риоя карда намешавад. Аз ин рӯ, мо ҳамагон бояд ба хотири нигоҳдории оромии ҷамъият пайваста кӯшиш намоем.
Номбурда чанд мисол аз иқдоми накӯи роҳбарияти мамлакат дар самти рушди илму маориф ва раҳнамунсозии ҷавонон ба сӯйи фардои дурахшон овард.
Дар тақвияти суханони боло, муовини раиси ноҳияи Сино Муҳаррам Маҳмуродзода зимни гуфтугӯи озод аз тақвиятбахшии арзишҳои миллӣ дар тарзи пӯшидани либос ва рафтори тоҷикона гуфт: «Миллати мо фарҳанги бою ғанӣ дорад ва бо маданияти худ ба ҷаҳониён муаррифӣ гардидааст. Аз ин рӯ, ҷавонон набояд фирефтаи тарзи тақлиди бегонагон гарданду аз либосу фарҳанги миллии худ даст кашанд. Зеро аҷнабиён мехоҳанд бо ҳуҷуми фарҳангӣ хостаҳои хешро бар сари мардуми тоҷик бор кунанд. Мо мазҳаби оламгири худамонро дорем ва ниёз ба гаравидан ба мазҳабҳои бегона нест», - хулоса намуд ӯ.
Тарбияву бакамолрасонии фарзанд, риояи ахлоқи иҷтимоӣ ва мисолҳо аз ҳаёти рӯзмарра идомабахши суханони ин намояндаи Ҳукумат буд.
Сардори Шуъбаи 2-юми ВКД дар ноҳияи Сино, полковники милитсия Нуъмонзода Раҳматулло Ислом чун як намояндаи ҳифзи ҳуқуқ бо нигаронӣ аз гаравидани ҷавонони ноогоҳ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва пешгирии шомилшавии ҳамватанонамон ба гурӯҳҳои тундгаро изҳор дошт, ки амалҳои хиёнаткорон, даргириҳо, нооромӣ дар давлатҳои Сурияву Ироқ ва Афғонистон оқибат ба хунрезию несту нобудсозии занону кӯдакони бегуноҳ боис гардидааст.
Ба андешаи мавсуф, давлатҳои абарқудрат мехоҳанд ба ҳар роҳу восита ҷаҳонро аз нав тақсимбандӣ кунанд, боигарию сарватҳои зеризаминиро соҳиб шаванд ва барои расидан ба ин ғарази хеш мусалмононро бо якдигар ҷанг меандозанд. Барои мисол Сурия дар гузашта яке аз давлатҳои пуриқтидори ҷаҳони Араб ба ҳисоб мерафт ва сокинони он шароити хуби иҷтимоӣ доштанд, вале имрӯз бошад, ба майдони набардҳои хунину бераҳмонаи гурӯҳи террористии бо ном «Давлати исломӣ» табдил ёфтааст.
Намояндаи фаъоли дини ҷумҳурӣ, имомхатиби Масҷиди ҷомеи маҳаллаи Борбади шаҳри Душанбе Давлат Исоев ҷиҳати тарбияи насли наврас изҳор дошт, ки оила, ҷомеа ва мактаб се ҳалқаи пайвастанд дар инкишофёбии шахс ва афзуд, ки дар камолоту маънавиёти ҷавонон нақши омӯзгор бештар аст ва сухани устод бузургтар аз ҳар гуфта арзиши олӣ дошта, ба толибилм таъсири бештар мебахшад. Номбурда ҷаласаи имрӯзаро маҳфили нур хонд ва гуфт, ки «Он ҷо ки аҳли илм, устодону шогирдон қарор дошта бошанд, он ҷо нуронист, зеро омӯзгор раҳнамунсоз ба сӯйи илму маърифат аст», - хулоса намуд ӯ.
Дар охир аз ҷониби иштирокчиён дар мавриди тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар ҷойҳои серодами пойтахт ва баровардани гӯшаву овезаи либоси намунавии миллӣ таклифу пешниҳод сурат гирифт. Масъулин ба саволҳои ироагардида посухҳои қаноатбахшу судманд доданд.
Наврӯз Ҷобиров