Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Натиҷаи фаъолияти ҳизбӣ

Натиҷаи фаъолияти ҳизбӣ

26 декабри соли равон ҷаласаи ҳисоботии Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Молия ва иқтисод»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино баргузор гардид. Дар кори он ректори ДМИТ Ашурбой Солеҳзода, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино Абдулмаҷид Муминов ва аъзоёни ҲХДТ дар донишкада ва ҳайати васеи кормандону устодон иштирок доштанд.
Рӯзномаи маҷлис ду масъаларо дар бар мегирифт, ки аз рӯи масъалаи якум ҳисоботи раиси КИ ибтидоии «Молия ва иқтисод»-и ҲХДТ дар ноҳияи Сино дар соли 2016 Солеҳзода А.А. баромад карда, дар бораи фаъолияти КИ ибтидоии номбурда маълумоти муфассал дод ва қайд намуд, ки шумораи аъзоёни ҳизби мо аз ҳисоби устодону донишҷӯёни ватандӯсту фаъол сол ба сол меафзояд. Айни ҳол шумораи аъзоёни ҳизб ба 1597 нафар расидааст, ки аз ин 355 нафарро омӯзгорону кормандон ташкил мекунанд.
Соли 2016 барои КИ «Молия ва иқтисод» соли бобарор ва пурфайз буд. Муваффақияти калони аъзоёни ҳизб ин таҷлили бошукуҳи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки дар он 2000 нафар донишҷӯ ва 200 нафар омӯзгор фаъолона иштирок карданд. 
Hizb_4001.jpg- Бояд гуфт, ки мо дар марҳилаи пешравии камолот, таҳкими интизоми ҳизбӣ, андухтани малакаву маҳорати корҳои ҳизбӣ қарор дорем. КИ самти фаъолияти худро ба талаботи замон мувофиқ гардонида, дар ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ аз худ ташаббус нишон медиҳад. Дар ин замина дар донишкада якчанд чорабиниҳо гузаронида шуданд, ки барои расидан ба ҳадафҳои ҳизбӣ ва худогоҳиву хештаншиносии ҷавонон нақши бориз доранд. Ҳадафи асосии мо ин баланд бардоштани нуфузи ҳизб дар ҷомеа, мусоидат намудан дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсии шаҳрвандон, таблиғи ғояҳои ҳизб дар байни ҷавонон ва ба корҳои созандагию бунёдкорӣ сафарбар намудани онҳо мебошад, таъкид намуд Солеҳзода А.А. 
Ҳамчунин, мавсуф дар бораи фаъолияти ташкилоти ибтидоии «Созандагони Ватан», ки аз ҳисоби донишҷӯёни фаъолу ташаббускор созмон дода шуда, дар ташкили иқдомоту чорабиниҳои ҳизбӣ саҳми назаррас доранд, истода гузашт.
Дар музокира Хайров Ш., Давлатов Х., Боймуродов Ҷ., Сафарзода Ф., Бобозода А. баромад ва фаъолияти яксолаи КИ ибтидоии «Молия ва иқтисод»-ро қаноатбахш арзёбӣ карда, барои пешравии кори минбаъда якчанд пешниҳодҳои муфид намуданд, аз ҷумла бо эълон гардидани Соли ҷавонон дар соли 2017 аз тарафи ҷавонон аксияю чорабиниҳои таблиғотӣ бештар гузаронидан, бо васоити ахбори омма ҳамкориро ба роҳ мондан ва ба монанди инҳо.
Дар ҷамъбаст Муминов А. баромад карда, саҳми КИ ибтидоии «Молия ва иқтисод»-ро дар пиёда кардани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ муҳим арзёбӣ карда, ба чанд нафар аъзоёни фаъоли ҳизб, аз ҷумла Насриддинов Ф., Муқимов Қ., Муллоҷонов А., Музаффаров Б., Мирсаидов Ф., ва Воҳидов У. Сипоснома ва Ифтихорномаи Дастгоҳи марказии ҲХДТ ва КИ ҲХДТ дар н. Синоро супорид. 
Дар анҷом доир ба масъалаҳои матраҳгардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.


Машҳура Абдуллоева