Хабарҳо

Ташреҳи Паём
Рӯзи 27 декабри соли 2016 дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо иштироки кормандону устодон ва донишҷӯён ҷаласа бахшида ба баррасии дастуру ҳидоятҳо ва вазифаҳои дар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ овардашуда доир шуд.
Ректори донишкада Солеҳзода А.А. дар бораи ҷанбаҳои иқтисодии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ мавриди таҳлили амиқ намуда, афзуд, ки Паёми имсола фаъолияти 25 соли кишварро ҷамъбаст ва вазифаҳоро барои солҳои минбаъда муайян кард. Дар Паём оид ба рушди минбаъдаи кишвар ва саноатикунонии мамлакат дастурҳо дода шуд. Бо татбиқи Стратегияи миллии рушди ҶТ барои то солҳои 2030 Ҷумҳурии Тоҷикистон модели рушди индустриалӣ-инноватсиониро пеш гирифтааст, ки он тақозо менамояд, ки корхонаҳои саноатӣ дар кишвар бунёд карда шаванд, ки бесовита барои расидан ба ҳадафи умумимиллӣ - ба кишвари индустриаливу кишоварзӣ табдил додани Тоҷикистон мусоидат менамояд. Барои ин ҳамасола дар мамлакат на кам аз 100 ҳазор ҷойҳои нави корӣ бояд таъсис дода шаванд ва бояд гуфт, ки барои ин сармоягузориҳо вусъат дода шаванд. Аз рӯи таҳлилҳо то соли 2010 сармоягузориҳо дар як сол 140 млн доллари ИМА-ро ташкил медод, вале дар панҷ соли охир бошад, ҳаҷми сармоягузориҳо дар як сол аз 300 млн доллари ИМА кам нашудааст, масалан дар соли 2015 417 млн доллари ИМА сармоягузории мустақими хориҷӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон ворид шуда, қисми зиёди он ба соҳаи энергетика равона карда шудааст.
Мавсуф 5 ҳадафи афзалиятнокро барои солҳои минбаъда, ки дар Паём омадааст, овард, аз ҷумла тақвияти сармояи инсонӣ; рушди бахши воқеӣ; баланд бардоштани мақоми давлат ва хизматрасонии хизматчиёни давлатӣ; ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои баланди макроиқтисодӣ; таъсиси ҷойҳои нави корӣ; таҳкими иқтидори содиротӣ.
Ҳамзамон қайд гардид, ки ба иқтисодиёт ва шароити кунунии Тоҷикистон ва ҳувияти миллии мо мутобиқат кардани мавзӯъҳои илмии фармоишӣ амри воқеӣ ва созгор аст.
Баъдан оид ба ҷанбаҳои сиёсии Паём устоди кафедраи фанҳои гуманитарии донишкада Фаридун Сафарзода баромад карда, доир ба таҳдидҳои сиёсии глобалӣ, эксремизму терроризм истода гузашт ва қайд кард, ки дар Паём ба масъалаи баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон диққати ҷиддӣ дода шуд. Зеро давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб дарк мекунад, ки миллати дорои маданияти сиёсии баланд метавонад бо падидаҳои номатлуби манфур чун экстремизму терроризм муборизаи қатъӣ барад. Роҳи аз ҳама муфид ва осон ин фаҳмондадиҳӣ аст. Ҳар қадаре, ки ҷомеа дар бораи экстремизму терроризм маълумоти дақиқ пайдо кунад, ҳамон қадар пайравӣ ба он камтар мешавад, гуфт Сафарзода Ф.
Дар музокира дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ Ғуломҷон Мирзоев баромад карда, дар бораи баъзе тарафҳои дигари Паём фикру андешаҳояшро баён кард.
Дар фарҷоми ҷамъомад Ашурбой Солеҳзода таъкид намуд, ки ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯён бандҳои Паёмро оид ба таъмини рушди иқтисодии кишвар, эълон гардидани Соли ҷавонон ва ташаббускориву ихтирооти онҳо, нақши ҷавонон дар рушду нумуи кишвар, баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, дурӣ ҷустан аз мафкураи ғайр ва созмонҳои террористиву экстремистӣ, баланд бардоштани сифати таълим, рушди соҳибкориро яке аз вазифаҳои асосии худ дониста, мекӯшанд ҳар як нуктаи онро ба омма фаҳмонанд. Инчунин омӯзгорон бояд таҳлилҳои илмӣ намуда, дар машғулиятҳо аз он истифода баранд ва барои омода кардани мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замон тамоми маҳорати худро сарф намоянд.
Машҳура Абдуллоева