Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Зарурати мувозинати байнисоҳавӣ аз нигоҳи муҳаққиқон

Зарурати мувозинати байнисоҳавӣ аз нигоҳи муҳаққиқон

Санаи 24 декабри соли 2016 дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон маҳфили навбатии илмӣ-амалии «Коршиноси иқтисодӣ» баргузор гардид. Дар маҳфил масъалаҳои моделсозии мувозинати байнисоҳавӣ, замина ва тамоюлҳои ташаккулёбии он дар замони муосир мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифт.
Дар маҳфил профессори кафедраи моделсозии математикӣ ва иттилоотии ДМИТ Фахриддин Мирзоахмедов дар мавзӯи «Мавқеи мувозинати байнисоҳавӣ дар иқтисодиёти Тоҷикистон» баромад кард.
Чунонки Мирзоахмедов Ф. дар баромади хеш иброз дошт, дарёфти роҳҳои истифодабарии захираҳо ва таъмини мувозинат дар асоси баланси соҳавӣ имкониятҳои зиёд доранд. Дар ин замина муносибатҳои истеҳсолию хизматрасонӣ, мувофиқгардонии меъёр ва таъмини воқеӣ аз рӯи самт ва интихоби муфиди маблағгузорӣ, муътадилгардонии таносуби хароҷот ва натиҷаҳо ба устувории иқтисодии кишвар маҷрои сифатан нав дода метавонанд. 
Имрӯзҳо дуруст сафарбар кардани маблағгузориҳо шарт ва вазифаи муҳимми рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад. Чунин амал бештар дар заминаи назорат, истифода аз фишангҳои моделсозӣ, алалхусус ба эътибор гирифтани муфидгардонии матритсаи хароҷотӣ амалӣ шуда метавонад. Ин барои навсозию дигаргунӣ дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати мубодилавӣ дар доираи фаъолияти дохилӣ ва ҳамкориҳо бо мамлакатҳои берун аз кишвар метавонад истифода шавад.
Директори молиявии суғуртаи ҶДММ «Наҷот» Хайриддин Нозимов дар баромади худ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба имкониятҳои хизматрасонии суғуртавӣ ҷалб намуд. Аз ҷумла қайд шуд, ки барои тақвият бахшидани соҳаи суғурта, фикру дархостҳои муҳаққиқони Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон хело зарур аст. Дар ин самт бо назардошти истифода аз усулҳои асосноки илмӣ ташвиқу тарғиб ҷиҳати боварии мизоҷонро ба даст овардан талаботи замон аст, гуфт мавсуф. 
Дар музокира декани факултети технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёт Нурализода А., дотсенти кафедраи суғурта Маъдиев С. иштирок намуда, бо мақсади минбаъд пеш гирифтани роҳҳои нави истифода аз имкониятҳои технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт, коркард ва барномасозии масъалаҳои муфидгардонии маҳсулот, хизматрасонӣ ва хароҷотҳо андешаҳои худро баён доштанд. Аз ҷумла таъкид карда шуд, ки ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи таъмини мувозинати байнисоҳавӣ дар кишвар танҳо бо роҳи ҷиддӣ ба роҳ мондани дараҷаи сифатан нави фаъолият, омӯзиш ва воқеан пеш гирифтани татбиқи амалии фарзияҳои иқтисодӣ, аз ҷумла тамсилаи В.Леонтев мавқеъ ва таъсирбахш шуда метавонад.
Дар доираи масъалаи баррасишуда ширкаткунандагон ба маърӯзачиҳо савол дода, ҷавобҳои пурмазмун гирифтанд. Маҳфил тасмим гирифтааст, ки аз натиҷаи масъалаи ҳаллу фаслгардида ба вазоратҳои дахлдор тавсия ва таклифҳои мушаххас пешниҳод намояд.


Саъдихоҷа Маъдиев, котиби маҳфили «Коршиноси иқтисодӣ»