Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ихтирооти донишҷӯи ДМИТ оид ба теоремаи Ферма

Ихтирооти донишҷӯи ДМИТ оид ба теоремаи Ферма

Санаи 26 декабри соли ҷорӣ дар донишкада семинари илмии кафедраи математикаи олӣ баргузор гардид. Дар он меҳмонон аз дигар макотиби олии кишвар, аз ҷумла дотсенти кафедраи алгебраи ДДОТ ба номи С. Айнӣ Олимов М., мудири кафедраи математикаи олии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ Садриддинов М. ширкат варзиданд.
Чорабиниро сардори раёсати илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимов ифтитоҳ намуда, оид ба моҳияти навоварӣ ва ихтирооти ҷавонон дар рушди илм ва иқтисодиёти кишвар сухан ронд.
- Хурсандибахш аст, ки соли ҷорӣ донишҷӯи курси 2, факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявии донишкада Иноятов Фаридун (таҳти роҳбарии Маҳмадалӣ Мардонов, устоди литсейи «Ворисони Сино»-и шаҳри Турсунзода ва Кабиров Абубакр, муаллими калони кафедраи математикаи олии ДМИТ) дар озмуни навоварон ва ихтироъкорони кишвар иштирок намуда, сазовори Диплом гардид. Барои ба ин мақсад расидан саҳми устодон хеле калон аст. Ин моро водор менамояд, ки дар ин самт диққати зарурӣ дода, барои ба натиҷаи дилхоҳ расидан устодони беҳтаринро ҷалб намоем. Бинобар ин ман таклиф мекунам, ки дар донишкада семинари илмии доимамалкунанда таъсис дода, дар он тадқиқотҳои илмии донишҷӯён мавриди муҳокима қарор гирифта, ба натиҷаи кори онҳо баҳои ҳаққонӣ дода шавад. Ин барои тадқиқотчиёни ҷавон хеле муҳим аст, гуфт Муқимов Қ. 
Сипас Фаридун Иноятов бо ҳамроҳии хонандаи синфи 10  литсейи «Ворисони Сино»-и шаҳри Турсунзода Сулаймон Ҷумаев натиҷаи тадқиқоташонро оид ба исботи теоремаи Ферма ба ҳозирин тариқи слайд-презентатсия пешниҳод сохтанд. Ихтироъкорон қайд карданд, ки мақсади асосии мо исботи теоремаи Ферма бо тарзи элементарӣ мебошад.
Ҳамчунин донишҷӯи курси 1, факултети иқтисодиёти ДМТ Раҷабов Умаршо ва хонандаи синфи 10 литсейи дар боло зикршуда Мирфозил Назаров ба ҳозирин формулаҳоеро пешниҳод карданд, ки бо осонӣ аз таҳти решаи арифметикии нишондааш «п» адади натуралии дилхоҳ бароварда мешавад. 
Маҳмадалӣ Мардонов устоди литсейи «Ворисони Сино»-и шаҳри Турсунзода оид ба фаъолияти маҳфили «Математикони наврас»-и мактабашон сухан ронда, зикр сохт, ки дар 5 соли охир 7 нафар аъзоёни маҳфил ҷоизадори озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ гардиданд. 
Қайд гардид, ки бештар аз 300 сол мешавад, ки донишмандони дунё теоремаи Фермаро исбот кардан мехоҳанд, аммо ҳеҷ кас ба ин муваффақ нагардидааст. Иноятов Ф. ва Ҷумаев С. кӯшиш намудаанд, ки теоремаро бо усули элементарӣ исбот намоянд.
Гуфта шуд, ки тадқиқотҳои Раҷабов У. ва Назаров М. оид ба аз таҳти решаи арифметикии нишондодаш «п» баровардани адади натуралии дилхоҳ ва формулаҳо, тарзи ёфтани ададҳои сода асоси навгонии илмӣ дорад. 
Дар фарҷом миёни ҳозирин музокира сурат гирифт ва зикр гардид, ки навовариҳои ин ихтироъкорони ҷавон қобили дастгирист ва барои омӯзишу таҳлили ҳаматарафа ба Институти математикаи АИ ҶТ пешниҳод карда шавад.


Хисрав Муҳиддинов