Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Баррасии самтҳои асосии Паём

Баррасии самтҳои асосии Паём

Ҳамасола баъд аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар тамоми макотиби олии кишвар ҷиҳати баррасии самтҳои он чорабиниҳо доир мегардад. Санаи 26 ноябри соли ҷорӣ, садорат ва устодони факултетҳои донишкада самтҳои Паём, аз ҷумла масъалаҳои илм ва маориф, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, сиёсат, ҷавонон ва энергетикаро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.
Дар факултети молия ва қарз Ашурбой Бегматов, устоди кафедраи молия ва муомилоти пулӣ, Боймуродов Ҷ., сардори бахши хобгоҳҳои донишкада, дар факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт Амрулло Нурализода, декани факултет, Содиқ Бойматов, устоди кафедраи фанҳои гуманитарӣ, дар факултети ҳисобдорӣ ва омор Фирӯз Насриддинов, декани факултет, Бадриддин Музаффаров, мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ, дар факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ Хуршед Давлатов, декани факултет, Саъдихоҷа Маъдиев, устоди кафедраи суғурта ва дар факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ Шарипов Ҷурахон, декани факултет, Саидалӣ Ҳаитов, мудири кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ, Илҳом Неъматов, мудири кафедраи менеҷмент, Умед Шарипов, устоди кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ нуктаҳои асосии Паёмро ба донишҷӯён шарҳ доданд. 
Қайд гардид, ки Пешвои миллат дар Паёми имсолаашон соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон намуданд. Аз ин рӯ, аз донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки дар соли 2017 бо фаъолнокии бештар, ташаббусҳо, ихтироъкорӣ, рафтори намунавӣ ва аз худ кардани илмҳои замони муосир дар пешрафти кишварамон саҳми босазои худро гузоранд.


Abc1001.jpg Abc1004.jpgAbc1003.jpgAbc1001.jpg











Хисрав Муҳиддинов