Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Паёми табрикии ректори ДМИТ Ашурбой Солеҳзода

Паёми табрикии ректори ДМИТ Ашурбой Солеҳзода

ҲАМКАСБОН, УСТОДОН ВА ШОГИРДОНИ АЗИЗ!


Бо самимияти том фарорасии Соли нави 2017-ро бароятон табрику таҳният гуфта, орзуманди сарафрозию саломатӣ ва ободии хонадони ҳар яки Шумоям.
Соле, ки сипарӣ гардид, барои мардуми мо соли таърихию сарнавиштсоз, пурфайз ва аз рӯйдодҳои таърихиву гуворо пур буд. Дар ин соли муборак 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд ва он бозгӯи садоқату муҳаббат ва эътимоди халқи тоҷик нисбат ба Ватан ва миллат буд. 
Барои ҳайати устодон, кормандон ва донишҷӯёни ДМИТ низ соли 2016 соли бобарор буд. Дар ин сол сатҳи фаъолияти ҳаматарафаи устодон ва донишандӯзии муҳассилин боло рафта, ба ин васила обрӯю нуфузи донишкада дар байни мактабҳои олии кишвар ба маротиб афзуд.
Тазаккур бояд дод, ки донишкада дар солҳои охир дар доираи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва бозори меҳнат мавқеи устувор пайдо кард. Аз рӯи талабот ва меъёрҳои байналмилалӣ оид ба рейтинг ва гирифтани сертификати ташкилотҳои рейтингии байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ДМИТ соли 2016 дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, мақоми 4-умро сазовор гардид ва ҳамчунин донишкада дар озмуни «10-гонаи беҳтарин макотиби олии Тоҷикистон-2016» аз рӯйи номинатсияи Шароити мусоид (фароҳам овардани шароит барои таҳсил ва зист) ғолиб омада, бо Ҷом ва Диплом мукофотонида шуд. 
Ҳамин тавр, ҷамъбасти хубу сазовор бовариро ба ояндаи нек афзун намуда, барои фаъолияти пурсамари минбаъда қувваи тоза мебахшад. Маҳз неруи созандаву фаъолияти эҷодкорона ва муносибати дилсӯзона, шавқу завқ ва рӯҳияи баланди устодон ва насли ҷавон дар самти таълиму тарбия ва пешравии донишкада омили асосист.
Инак, соли 2017 дари моро мекӯбад. Боиси шодмонист, ки соли 2017 Соли ҷавонон эълон гардид ва дар ин сол мо аз ҷавонон ташаббусҳои навро интизорем. Мо боварӣ дорем, ки ин сол ҳам барои мардуми кишвар соли фатҳу кушоиш ва соли ташаббусу дастовардҳои навин мешавад ва мо бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш хоҳем рафт.
Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамагонро бо фарорасии Соли нави мелодӣ сидқан табрик гуфта, барои ҳар яки шумо хонаи обод, ризқи фаровон, рӯзгори пурнишот, файзу баракати зиндагӣ ва дар роҳи иҷрои вазифаҳои азиму масъулиятнок ва аз бар намудани илму дониш музаффариятҳои навин хоҳонам.
Бигзор, Соли нав ба хонадони ҳар яки Шумо файзу баракат ва суботу хотирҷамъӣ оварад.


Соли наватон муборак!