Хабарҳо

Забондонӣ ҷаҳондонист
Рӯзи 16 декабр бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори кафедраи забони русӣ семинар дар мавзӯи «Тоҷикистон. Душанбе – дирӯз, имрӯз ва фардо» доир гардид, ки, дар он намояндагони Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистону Русия», Фонди «Русский мир» ва «Россфондсотрудничество»- и Федератсияи Россия Любов Дудко ва машваратчии фонди мазкур Ганҷина Маҳмаҷонова ширкат варзиданд.
Семинарро бо сухани ифтитоҳӣ устоди кафедраи забони русӣ Гулшан Наврузова ҳусни оғоз бахшид. Ҳамзамон донишҷӯён сюжаи тайёркардаашонро, ки аз порчаҳои ҷудогонаи назмиву насрӣ дар васфи шукӯҳу шаҳомати забони русӣ ва нақши он дар ҷаҳони муосир буд, пешкаши ҳозирин гардониданд.
Сипас ҷонишини директори Фонди «Русский мир» ва «Россфондсотрудничество»-и Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Любов Дудко суханронӣ намуда, ба дониши донишҷӯён баҳои баланд дод ва барои омӯзишу ташаккул, баланд бардоштани савияи дониши онҳо ва васеъ гардидани фонди луғавиашон ба кафедраи забони русии донишкада як зумра адабиёти илмӣ ва бадеӣ, ки арзиши умумиашон 22 ҳазор рубли русиро ташкил медиҳад, тақдим кард.
Дар фарҷом, Любов Дудко барои диққати ҷиддӣ додан ва дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ кардани омӯзиши забони русӣ дар донишкада ба роҳбарияти ДМИТ изҳори сипос намуд.
Хисрав Муҳиддинов