Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Об барои рушди устувор

Об барои рушди устувор

Рӯзи 30 декабри соли равон бо ташаббуси Раёсати илм ва инноватсияи донишкада конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028» баргузор гардид.
Онро бо сухани муқаддимавӣ ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода кушода, аҳли толорро бо қабули пешниҳоди навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи маҷмаи СММ дар бораи Даҳсолаи нави байналмилалии "Об барои рушди устувор" муборакбод намуда, афзуд, ки ин чорумин ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки қабул мегардад. Феълан кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ вобаста ба истифодаи самараноки захираҳои обӣ эътироф гардидааст, ки барои болоравии мақоми Тоҷикистон саҳми беандоза калон дорад. Хатарҳои глобалии имрӯза, аз ҷумла буҳрони молиявию иқтисодӣ, тағйирёбии иқлим, норасоии оби ошомиданӣ ва дигар масъалаҳо барои амалӣ шудани ҳадафҳои рушди ҳазорсола монеа эҷод мекунанд. Бинобар ин масъалаи дастрасии аҳолӣ ба оби нӯшокӣ ва самаранок истифодабарии захираҳои обӣ яке аз ҳадафҳои муҳимми Рушди ҳазорсола маҳсуб меёбанд. Сарфаю самаранок истифода бурдани захираҳои обии кишвар яке аз масъалаҳои мубрами иқтисодиёт ба ҳисоб меравад. Зеро 70%-и захираҳои гидроэнергетикии Осиёи Марказӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд, ки танҳо 4 фоизи он истифода бурда мешаваду халос. Бинобар ин об барои рушди устувори оянда, таъмини мувозинати инкишофи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ муҳим арзёбӣ мегардад, гуфт Солеҳзода А. 
Баъдан Эмомалӣ Шералиев, декани факултети молия ва қарз дар мавзӯи «Эъломияи 10 соли амал «Об барои рушди устувор»», Асомуддин Қаландаров, мудири кафедраи фанҳои табиатшиносӣ дар мавзӯи «Об сарчашмаи зиндагӣ», Саидалӣ Ҳаитов, мудири кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ дар мавзӯи «Ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони оби полезӣ ва нӯшокӣ», Вазира Орифҷонова, устоди кафедраи фанҳои табиатшиносӣ дар мавзӯи «Идоракунии захираҳои обӣ барои рушди устувори инсонӣ», Холаҳмади Маҳмадмурод, устоди кафедраи таҳлили иқтисодӣ дар мавзӯи «Захираҳои обию энергетикӣ: муаммоҳо, вазъи ҳозира ва дурнамои он», Афзалшоҳи Бобозода, докторанти донишкада дар мавзӯи «Самаранок истифодабарии иқтидори захираҳои обӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърузаҳои пурмуҳтаво карда, дар мавриди масъалаҳои сарфакорона истифода бурдани захираҳои обӣ, муаммоҳои он, баланд бардоштани фарҳанги экологӣ ва ғайра пешниҳодҳои муфид карданд.


Машҳура Абдуллоева