Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

ДМИТ ғамхору хайрхоҳ аст

ДМИТ ғамхору хайрхоҳ аст

Дастгириву кумак ба табақаи ниёзманди ҷомеа, аз ҷумла ятимону маъюбон ва барҷомондагон амалест хайру савоб.
Дар партави дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии шахсони имконияташон маҳдуди ҷомеа ҳамасола, дар арафаи иду ҷашнҳо раёсати ДМИТ ба таълимгирандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони шунавоияшон суст ва деркаршудаи ноҳияи Рӯдакӣ кумакҳои моддӣ мерасонад.
Ин навбат ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2017, ба 220 нафар бошандагони хона-интернати мазкур тӯҳфаҳои солинавии фиристодаи донишкадаро муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии донишкада Зулфия Ахмедова тақдим сохта, онҳоро ба муносибати омад-омади Соли нав мелодӣ табрику муборакбод гуфт ва дар хонишу зиндагии ояндаашон музаффариятҳои нав ба навро таманно кард.
Дар ин рӯз хурсандии таълимгирандагони таълимгоҳ ҳадду канор надошт, онҳо аз ин кори хайр хеле рӯҳбаланд шуда, бо барномаи фарҳангии омоданамудаашон хотири ҳозирин болида сохтанд.
Роҳбарияти ин мактаб-интернат ба раёсати ДМИТ барои дастгирии моддӣ ва маънавии доимӣ изҳори сипос намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки ДМИТ сарпарасти мактаб-интенати ҷумҳуриявии кӯдакони шунавоияшон суст ва деркаршудаи ноҳияи Рӯдакиро ба уҳда дошта, чунин иқдомҳои хайрхоҳонаро дар арафаи ҳар иду айём ба ин дабистон амалӣ менамояд.


Хисрав Муҳиддинов