Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҳадаф: муҳайё намудани зиндагии шоиста

Ҳадаф: муҳайё намудани зиндагии шоиста

Санаи 27 декабри соли равон дар донишкада бо иштироки Султоншоҳ Ҳамидов, сардори Раёсати рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон кафедраи система ва технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт дар мавзӯи «Ҳадафҳои асосии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» семинар баргузор намуд.
Дар оғози чорабинӣ Ғиёсиддин Ашуров, муовини ректор оид ба илм зикр сохт, ки Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» онро ҳамчун ҳуҷҷати муайянкунандаи «ҳадафҳо ва афзалиятҳои рушди дарозмуддат бо назардошти сабақҳои андухташуда, нияту андешаҳои мардуми кишвар, захираву имкониятҳои мавҷуда, омилҳои беруниву дохилӣ ва пешбиниҳои раванди сиёсиву иқтисодии ҷаҳониву минтақавӣ» маънидод намуданд.
Сониян, Султоншоҳ Ҳамидов перомуни «Ҳадафҳои асосии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» сухан ронда, тазаккур дод, ки ҳадафи асосии стратегияе, ки барои 15 соли оянда пешбинӣ гардидааст, ин муҳайё намудани зиндагии шоиста барои сокинони мамлакат ба ҳисоб рафта, он дар асоси муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар заминаи модели эконометрикӣ таҳия гардидааст.
Стратегияи миллии рушд барои амалисозии афзалиятҳои асосии кишвар вобаста ба баланд бардоштани масъулияти сохторҳои дахлдори давлатӣ, ҷиҳати такмил додани низоми муосири муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, тақвият бахшидани рушди институтсионалӣ дар самти таъмини назорати таъсирбахш, шаффоф ва зиддикоррупсионии идоракунии молиявӣ дар ҳамаи самтҳои идоракунии давлат ҳамчун ҳуҷҷати заминавӣ хизмат менамояд, афзуд Ҳамидов С.
Ҳамчунин Хушмуҳаммадзода З., ассистенти кафедраи система ва технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт дар мавзӯи «Таҳлил ва дурнамосозии бахши воқеии иқтисодиёт тавассути усулҳои муосир ҷиҳати таъмини Стратегияи миллии рушд» тавассути слайд-презентатсия баромад намуда, қайд кард, ки бахшҳои воқеии иқтисодиёт, ки мусоидаткунандаи рушди иқтисодиёт ба ҳисоб мераванд, зарур аст тавассути лавозимоти муосире, ки имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ аз он васеъ истифода бурда мешавад, таҳлил ва ояндабинӣ карда шаванд.
Мавсуф афзуд, ки тибқи таҳлилҳо, рушди воқеии бахшҳои саноат ва кишоварзӣ дар солҳои охир таъмин гардида бошад ҳам, аммо ҳиссаи онҳо дар сохтори ММД қариб, ки тағйир намеёбад, чунки ин соҳаҳо хароҷоти зиёдеро дар бар мегиранд, яъне тахминан 50-51%-и ҳаҷми умумии ин соҳаҳоро хароҷотҳои мобайнӣ ташкил медиҳанд. 
Дар фарҷоми семинар пешниҳод гардид, ки минбаъд корҳои илмӣ-тадқиқотии устодон барои амалигардонии ҳадафҳои асосии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 нигаронида шаванд.


Хисрав Муҳиддинов