Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Дастоварди барномасозони ҷавон

Дастоварди барномасозони ҷавон

Ҳамасола бо мақсади дарёфти ҷавонони лаёқатманду соҳибистеъдод ва донандагони техникаву технологияҳои замони муосир ва дар ин замина ҳавасманд намудани донишҷӯёни фаъол олимпиадаи фаннӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баргузор мегардад.
Санаи 22-юми декабри соли 2016 дар Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, ки шумораи иштироккунандагон 35 нафарро ташкил медод, даври 1-уми олимпиада аз фанни барномасозӣ дар доираи ҷавонон ва пешрафти илму техника дар соли 2016 доир шуд. Дар он 3 нафар донишҷӯёни факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт Шаҳрибону Юсуфиён, Алишер Воҳидов ва Самариддин Ашуров иштирок карда, бо Сертификат қадрдонӣ гардиданд.
Даври ниҳоии олимпиада 27-уми декабри соли 2016 баргузор гардид, ки дар он донишиҷӯи курси 1-уми ихтисоси технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт Шаҳрибону Юсуфиён иштирок карда, соҳиби Сертификат ва туҳфаи хотиравӣ аз тарафи ширкати «HUAWEI» гардид.


Фарзона Ашурова