Хабарҳо

Ба ректори ДМИТ Солеҳзода А.А
Муҳтарам Ашурбой Абдулвоҳид,
Мо ин номаро ба Шумо ва ҳайати устодони Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо эҳсоси баланди ифтихор ва арзи сипоси беҳудуд ҷиҳати таълиму тарбияи дурусту мақсадноки насли ҷавон, дастгириҳои пайвастаатон дар амалинамоии сиёсати давлатии ҷавонон ва бо ин васила баланд бардоштани маърифати зеҳнию ташаккули шахсияти онҳо дар ҷомеа манзур менамоем.
Боиси ифтихор ва фараҳмандии мост, ки соли 2017 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар ҳамчун Соли ҷавонон эълон гардид. Ин ҳам аз таваҷҷӯҳҳои ҳамешагии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бовариву эътимоди Ӯ нисбат ба насли ҷавону ояндасози кишвар далолат мекунад. Бояд зикр кард, ки дар саргаҳи ин таваҷҷӯҳу бовариҳо нақши Шумо устодону роҳбаладони мо беназир аст ва мо, ҷавонон барои ҳамешагӣ аз саҳматон ифтихорманду қадрдон хоҳем буд.
Бо истифода аз ин фурсат, мехостам кулли ҷавонону донишҷӯёни донишкадаро ба муносибати аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 сидқан таҳният намуда, ба онҳо, қабл аз ҳама, бурдбориву комёбиҳои беназир дар самти омӯзиши илмҳои муосир ва сазовор буданро ба бовариву эътимоди Пешвои миллат таманно дорам.
Умедворем, ки миннатдории моро ба ҳайати устодон ва таманниётамонро ба олимони ҷавону донишҷӯёни донишкада мерасонед.
Бо эҳтиром, Мудири бахши
ҷавонон , варзиш ва сайёҳии
ноҳияи Сино А. Давлатзода