Хабарҳо

Ашурбой Солеҳзода узви вобастаи Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Боиси ифтихори аҳли меҳнати Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон аст, ки дар арафаи Соли нави мелодӣ дастовардҳои донишкада афзун гардид. Ректори донишкада, олими шинохтаи пурмаҳсул, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Солеҳзода Ашурбой Абдулвоҳид ба ҳайси узви вобастаи Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Бояд гуфт, ки узви вобастаи Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Солеҳзода А. подоши заҳматҳо ва фаъолияти пурсамари илмии ин донишманди маъруф буда, аз ҷониби аҳли илм ва ҷомеа эътироф шудааст.
Бо ин дастовард устоди гиромиқадрро табрику таҳният гуфта, барояшон сиҳатмандӣ, рӯзгори обод, фаъолияти самарбори илмию педагогӣ ва фатҳи қуллаҳои нави эҷодиро таманно дорем.