Хабарҳо

Эҳсонкории магистрантон
Кумак ба қишри ниёзманди аҳолӣ кори хайру савоб буда, аз тарафи Раёсати ДМИТ пайваста амалҳои эҳсонкорӣ ба ҷо оварда мешаванд. Ёрии моддии навбатӣ санаи 10 январи соли равон аз ҷониби шуъбаи магистратура ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявии кўдакони шунавоияшон суст ва деркаршудаи ноҳияи Рўдакӣ расонида шуд. Он аз маҳсулоти хўрокворӣ, ба мисли картошка, пиёз, сабзӣ, биринҷ, равған, шакар, равғани маска, орд ва ғайра дар ҳаҷми зиёда аз 2000 сомонӣ иборат буд.
Хайрияро сардори Раёсати таълим Исломиддин Фасихов, сармутахассиси Раёсати таълим оид ба магистратура Муҳаммадӣ Ашуров ва магистрантон ба таълимгирандагон супориданд.
Бояд қайд кард, ки ин амали хайр бори аввал набуда, чандин сол аст, ки аз ҷониби шуъбаи магистратура ба кўдакони ниёзманд эҳсонкорӣ карда мешавад.