Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Масъалаҳои муҳимтарини Паёми навбатӣ

Масъалаҳои муҳимтарини Паёми навбатӣ

Санаи 11-юми январи соли 2017 бо ташаббуси кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва кафедраи назарияи иқтисодии ДМИТ бахшида ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳфили илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои муҳимтарини сиёсӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар кори маҳфил устодони кафедраҳои фанҳои гуманитарӣ ва кафедраи назарияи иқтисодӣ, инчунин  якчанд нафар кураторони гурӯҳҳои академӣ ширкат варзиданд. Дар он масъалаҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, ташаккули неруи зеҳнӣ ва эҷодӣ, ташаккули тафаккури миллӣ, сабабҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар оғози истиқлолият, инчунин терроризм ҳамчун вабои аср баррасӣ карда шуданд. 
Кори семинарро профессори кафедраи фанҳои гуманитарӣ Ғуломҷон Мирзоев ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки бо шарофати истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеъву манзалати сиёсати дохилӣ ва хориҷиашро имрӯз дар шумори кишварҳои дигар дар арсаи байналмилалӣ пайваста устувор менамояд. Сиёсати пешгирифтаи Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба қуллаҳои баланди истиқлолият, таъмини амният, беҳбуд ва рушду шукуфоии ҷумҳурӣ ба комёбиҳои назаррас мушарраф мегардад.
Дотсенти кафедраи суғурта Саъдихоҷа Маъдиев зимни баромадаш дар музокира изҳор дошт, ки рушди тафаккури миллӣ ва неруи зеҳнию эҷодӣ ин вобаста ба истеҳсолоти ватанӣ буда, бояд иқтисоди миллӣ ва методологияи илмӣ равнақу инкишоф ёбад. Адам Смит гуфтааст: «Обу ҳаво ва иқлими минтақа дар пешрафти ҷомеа ягон нақш надорад. Ҳамин матлаб фақат ба истеъдодҳо ва малакаҳои миллӣ вобаста аст”. 
Дар раванди маҳфил баҳси кушод доир ба мавзӯи мазкур ҷараён дошта, дар он иштироккунандагон баромад карданд. Мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ, дотсент Убайдов Фахриддин зимни мубоҳиса андешаронӣ намуда, зикр кард, ки ташаккули неруи зеҳнӣ ин аз пешрафти нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохила, дар ин миқёс афзоиши маҳсулоти содиротӣ алоқаманд мебошад, аммо ташаккули тафаккури эҷодӣ ва илмӣ вобаста ба мо, омӯзгорон ва зиёиён аст.


Ҳасан Бойназаров,
устоди кафедраи фанҳои гуманитарӣ