Хабарҳо

Истифодаи технологияҳои иттилоотӣ-иртиботӣ дар раванди таълим
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи тадриҷии Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар кишвар (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2011) бо мақсади истифодаи пурсамар аз технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ аз 1 ноябри соли 2016 дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ шашмоҳаи технологияҳои иттилоотию иртиботӣ ва рушди ҳукумати электрониро эълон кардааст.
Маркази технологияҳои инноватсионии таълимӣ ва иттилоотии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон тибқи нақша-чорабиниҳои донишкадавӣ «Оид ба шашмоҳаи омӯзиши технологияи информатсионӣ» курси омӯзиширо дар мавзӯи «Истифодаи технологияи иттилоотӣ – иртиботӣ дар раванди таълим» барои омӯзгорон ва кормандонро ба роҳ мондааст.
Дар курси мазкур, ки аз 16 то 20 январи соли ҷорӣ идома меёбад, ҳайати омӯзгорон ва кормандони донишкада ҷалб гардида, ба онҳо доир ба омӯзиши барномаи электронии қайди журналҳои аудиторӣ, варақаҳои ҳафтаина ва варақаҳои фосилавӣ, воситаҳои иттилоотӣ; компютер воситаи коркарди иттилоот, системаи амалиётии оилаи Windows; истифодаи барномаи амалии MS Office Word; истифодаи барномаи электронии MS Office Excel; барномаи намоишсозии MS Office PowerPoint; истифодаи тахтаи электронӣ, проектор ва планшети деворӣ; сохтани файлҳои навъи PdF ва истифодаи барномаҳо барои хондани ин файлҳо, амалҳои сохтан ва нусхабардорӣ намудани маводи электронии таълимӣ ба планшетҳои дастӣ; шиносоӣ бо шабакаҳои компютерӣ; истифодабарии интернет, почтаи электронӣ ва ҳимояи компютерҳо аз вирусҳо ба роҳ монда мешавад.
Курсҳои омӯзиширо Асадулло Наҷмиддинов, сардори Маркази технологияҳои инноватсионии таълимӣ ва иттилоотии донишкада ва Собирҷон Мараҷабов, корманди ҳамин марказ мегузаронанд.
Хисрав Муҳиддинов