Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Мақсад: такмили омӯзиши забони англисӣ

Мақсад: такмили омӯзиши забони англисӣ

Санаи 17 январи соли ҷорӣ кафедраи забонҳои хориҷӣ нишасти илмии устодонро дар мавзӯи «Усулҳои такмили омӯзиши забони англисӣ дар макотиби олӣ» баргузор намуд.
Нишастро мудири кафедра Носир Туйғунов ҳусни оғоз бахшида, масъалаҳои мубрами омӯзиши забони хориҷиро мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дод. 
Сипас Нигора Рашидова, ассистенти кафедра, унвонҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Хусусиятҳои хоси ҷумлаҳои мураккаби пайваст дар забони англисӣ» маърӯза намуда, зикр сохт, ки барои аз худ намудани усулҳои такмили омӯзиши забони англисӣ дар макотиби олӣ ҳар як устод бояд донандаи забони хеш бошад, зеро донистани забони модарӣ имконияти ба таври васеъ аз худ кардани дигар забонҳоро фароҳам месозад. Номбурда, ҳамчунин дар маърӯзааш масъалаи омӯзиш ва тарзи дурусти истифодаи ҷумлаҳои мураккаби пайвастро дар забони англисӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор дод. 
Ҳамчунин устодони кафедра М. Сорокина, Р. Наимов ва М. Бодамаев фикру ақидаи хешро оид ба рӯзмарра ва ҷиҳати илмӣ доштани маърӯзаи мавсуф баён карданд.
Пешниҳод шуд, ки натиҷаҳои нишаст дар раванди таълим вобаста ба имконоти барномаи дарсӣ мавриди истифода қарор гирад. 


Хисрав Муҳиддинов