Хабарҳо

Қадаме сӯи илм
Рӯзи 14 январи соли равон муҳокимаи пешакии рисолаи номзадии Тағоева Робия Гулмуродовна, устоди кафедраи суғурта дар мавзӯи «Экономика и управление народным хозяйством (экономика, организация и управление предприятиями, отраслями и комплексами-сфера услуг)» - роҳбари илмӣ: доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Низомова Т.Д. баргузор гардид.
Дар он докторони илми иқтисодӣ Низомова Т.Д., Обидов Ф.С., Бердиев Р.Б. ва дигар устодони унвондори донишкада иштирок доштанд.
Тавре унвонҷӯй қайд кард, мақсади кори таҳқиқотии мазкур ин коркарди асосҳои илмию методологии асосноккунии консепсияи махсусиятҳои ташаккули механизми идоракунии рушди соҳаи хизматрасонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир ва амалишавии механизми идоракунии иқтисодиёти бозорӣ ва самтҳои асосии мукаммалсозии механизми идоракунии рушди соҳаи хизматрасонӣ мебошад.
Доир ба кори тадқиқшуда ба унвонҷӯй саволҳо дода, ба онҳо ҷавобҳои қонеъкунанда гирифта шуд ва барои баъзе камбудиҳои ҷузъии корро ислоҳ ва таҷдиди назар кардан тавсия дода шуд.
Абдуллоева М.