Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҳадафи қонунгузорӣ: некӯаҳволии мардум

Ҳадафи қонунгузорӣ: некӯаҳволии мардум

Мавзӯъҳои ҳуқуқӣ, аз он ҷумла омӯзиши Конститутсия ва Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар мизи мудаввари кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявии факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ санаи 19 январ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Чорабиниро мудири кафедра, дотсент Саидалӣ Ҳаитов оғоз намуда, моҳияти гузаронидани чорабинии мазкурро, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеомад, фаҳмонида, дар самти баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии донишҷӯён ибрози андеша намуд.
Сипас устодони кафедра, аз ҷумла дотсент Н. Носиров дар мавзӯи «Мавқеи падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон» ва ассистентон С. Дӯстов дар мавзӯи «Нақши Конститутсия дар эҳёи арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ» ва М. Хайруллоев дар мавзӯи «Моҳияти танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум» бо маърӯзаҳо баромад намуда, ба саволҳои иштирокчиён посух гардонданд.


Х. Муҳиддинов