Хабарҳо

Фаъолияти ДМИТ баррасӣ шуд
20 январи соли ҷорӣ дар Маркази матбуотии АМИТ «Ховар» зимни нишасти матбуотӣ Раёсати Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар ҳузури рӯзноманигорон оид ба фаъолияти донишкада дар соли 2016 ҳисобот доданд. Ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода изҳор дошт, ки соли 2016 барои ДМИТ соли пурфайз буд, зеро донишкада ба як қатор комёбиҳои назаррас ноил гашт.
Тавре ректор зикр намуд, барои беҳтар намудани сифати таълим аз соли 2017 воситаҳои электронии таълим ҷорӣ карда мешаванд. Воситаҳои методию таълимии электронӣ тариқи планшетҳо ва ноутбукҳо паҳн карда шуда, қисм ба қисм ҷараёни таълим ба истифодаи пурраи чунин васоит гузаронида мешавад.
Базаи лексияҳо, китобҳои дарсӣ, презентатсияҳо, воситаҳои таълимӣ, тестҳо ва дигар маводи ёрирасони таълимӣ пурра ташкил карда шуда, онҳо сол ба сол ба планшетҳо ва ноутбукҳои донишҷӯён насб карда мешавад.
Мавсуф дар бораи фаъолияти илмӣ-тадқиқотии ҳайати омӯзгорон маълумот дода, қайд кард, ки дар соли 2015 дар донишкада 2 конфронси сатҳи байналмилалӣ, 1 конфронси ҷумҳуриявӣ, 8 конфронси илмӣ-амалии донишкадавии ҳайати устодону донишҷӯён, 3 онлайн-конфронс, 66 семинари илмӣ-назариявӣ ва илмӣ-амалӣ, 22 мизи мудаввар, 10 озмун, 75 маҳфили илмии донишҷӯён, 19 ҷамъомади васеи тантанавии аҳамияти илмӣ-таърихӣ ва сиёсидошта баргузор гардиданд, нисбат ба соли қаблӣ зиёд аст.
Инчунин дар давраи ҳисоботӣ ҳамкориҳои байналмилалии ДМИТ низ густариш ёфта, бо зиёда аз 9 муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва ташкилотҳои дохил ва хориҷи кишвар шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Тибқи барномаи мубодилаи донишҷӯён 35 нафар донишҷӯ дар доираи барномаҳои мубодилаи донишҷӯён дар Донишгоҳи НАРХОЗ-и Қазоқистон, Донишгоҳи менеҷменти Алмаато, Донишгоҳи давлатии Бошқирдистон ва Донишгоҳи Пскови Федератсияи Россия дар зинаҳои бакалавриат ва магистратура таҳсил мекунанд.
Солеҳзода А. дар бораи нақшаҳои соли 2017 истода гузашта, қайд кард, ки ДМИТ барои пешрафти фаъолият 7 қадами устуворро пешбинӣ кардааст, ба монанди соли ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ дар ҷараёни таълим ва татбиқи консепсияи донишкадаи электронӣ, соли ҷорӣ намудани инноватсия, соли ҷорӣ намудани усулҳои нави таълим, соли ташаббускории ҷавонон, соли татбиқи илм дар амал, соли зиракии сиёсӣ, соли фарҳанги иқтисодӣ.
Дар охир хабарнигорон доир ба самтҳои гуногуни фаъолияти донишкада ба Солеҳзода А. саволҳо дода, ба онҳо ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.
Машҳура Абдуллоева