Хабарҳо

Баҳри ободию кабудизоркунӣ
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ, ободу зебо гардонидан ва тозаву озода нигоҳ доштани биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳои донишҷӯёну кормандон ва тибқи фармоиши ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз санаи 21 январи соли 2017 таҳти рақами 19/4 дар бораи кабудизоркунӣ, ободу зебо гардонидан ва тозаву озода нигоҳ доштани биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳои донишҷӯёну кормандон дар асоси банди 4.13-и «Оинномаи муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон» 21 январ барои ҳамаи сохторҳои донишкада шанбегии умумӣ эълон шуд.
Дар шанбегӣ кормандону донишҷӯёни донишкада иштирок намуда, баҳри кабудизоркунии атрофи донишкада саҳм гузоштанд. Онҳо ҳуҷраҳои кориро тозаву озода, заминҳои наздиҳавлигиро побел, бехи дарахтонро мулоим ва ҷӯйборҳо тоза карданд.
Н. Тӯйчизода