Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Арзи эҳтиром

Арзи эҳтиром


Рӯзи 23 январи соли равон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид аз вазифаи ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон озод ва ба вазифаи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ таъйин гардид.
Дар ҷамъомади аҳли меҳнати донишкада, ки рӯзи 24 январи соли 2017 доир гардид, Солеҳзода А.А. бо ҳайати профессорону устодон, кормандон ва донишҷӯён вохӯрда, гуфт, ки дарвоқеъ, ДМИТ таъминкунандаи кадрҳои иқтисодист ва мутахассисони омоданамудаи он бояд соҳибмаърифату болаёқат ва кордон бошанд. Афзуд, ки ҳамаи бандҳои Стратегияи рушди Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон давра ба давра амалӣ гардида истодааст. 



Gusel400.jpgДонишкадаи молия ва иқтисод даргоҳи муқаддас аст, зеро дар ин макон шахс аз нуқтаи назари зеҳнӣ ва рӯҳию равонӣ камолот ва ташаккул меёбад. Коллективи меҳнатӣ бояд устувор бошад, ҳар нафаре, ки дар ин ҷо кор ва таҳсил мекунад, бояд ба Ватан ва ба кор содиқ бошад, зеро он як порчаи Ватан аст. Мароми ҳар як корманду омӯзгор ин обод кардани донишкада ва баланд бардоштани мақоми он дар арсаи байналмилалӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия бояд бошад. Ҳамаи он дастовардҳое, ки дар солҳои охир ба даст овардем, подоши заҳматҳои аҳли коллективи меҳнатӣ аст ва ман фахр мекунам, ки бо шумо якҷоя кор кардам, гуфт Солеҳзода А.А. 
Дар охир ба аҳли меҳнати донишкада барои амалишавии ниятҳои ба нақшагирифташуда ба фаъолияти пурсамар ҳидоят кард ва дар ин ҷода барору комёбӣ хост.
Баъдан Шукрулло Хайров, муовини ректор оид ба таълим баромад карда, дар бораи заҳмату талош ва хизматҳои шоёни Солеҳзода А.А. дар рушди самти таълиму тарбия, илм ва корҳои ободонӣ дар донишкада ёдовар шуда, афзуд, ки дар давраи фаъолияти мавсуф ҳамчун роҳбари таълимгоҳ пешравиҳо хеле зиёд шуд ва эътибори донишкада дар арсаи байналмилалӣ боло рафта, он соҳиби ҷоизаҳо, аз ҷумла бо ду ҷоизаи байналмилалӣ: «Тоҷ барои сифат» ва BIZZ-2015 сазовор гардид.
Профессорони донишкада Дилбар Қандиёрова ва Шавкат Исмоилов низ бо меҳру самимият дар бораи садоқат, дониш, малака, ҷаҳонбиниву кордонии ин шахсияти шинохта ва донишманди соҳаи иқтисодиёт сухане чанд гуфта, барояш дар фаъолияти минбаъда муваффақиятҳои тоза таманно карданд.
Месазад гуфт, ки Солеҳзода А. чун роҳбари ғамхору ояндабин тавонист дар даврони роҳбариаш аҳли меҳнатро тифоқу пешрав ва мақоми ДМИТ-ро баланд бардорад. 


Машҳура Абдуллоева