Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ташрифи намояндаи мактаби олии иқтисодии Перм  ба ДМИТ

Ташрифи намояндаи мактаби олии иқтисодии Перм ба ДМИТ

Рузи 12 январи соли 2017 намояндаи Донишгоҳи миллии тадқиқотии Мактаби олии иқтисодии шаҳри Перм Сатторзода Суҳроби Рустам ба донишкада ташриф овард. Номбурда аввал бо намояндагони шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ вохурӣ намуд. Баъдан вохурии намояндаи ин донишгоҳ бо устодон ва донишҷӯёни соли 4-уми зинаи бакалаври донишкада дар толори лексионии бинои 2-юм баргузор гардид. 
Сатторзода С. дар вохӯрӣ дар бораи Мактаби олии иқтисодии шаҳри Перм ба ҳозирин бо истифода аз презентатсия маълумот дод. Мавсуф дар бораи шароити таҳсил, будубоши донишҷӯёни хориҷӣ дар муассисаи таҳсилоти олии номбаршуда, тарзи супоридани ҳуҷҷатҳо ва ғайра ба ҳозирин гуфта гузашт. 
Умуман, мақсади ташрифи намояндаи Мактаби олии иқтисодии шаҳри Перм ин ҷалби донишҷӯёни хатмкунандаи зинаи бакалавр барои дохил шудан ба шуъбаи магистратураи ин муаассиса буд. Дар рафти муаррифии Мактаби олии иқтисодии шаҳри Перм аллакай аз байни донишҷӯён хоҳишмандон пайдо шуданд ва шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ корро оид ба омода намудани ҳуҷҷатҳои ин донишҷӯён барои шомил шудан ба муассисаи мазкур оғоз намудааст. Умедворем, ки соли нави хониш шумораи зиёди донишҷӯёни хатмкунандаи донишкада дар ин боргоҳи маърифат таҳсил хоҳанд кард.  


Диловаров Манучеҳр,
мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ