Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим аз нигоҳи коршиносон

Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим аз нигоҳи коршиносон

Санаи 26 январи соли 2016 дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон маҳфили навбатии илмӣ-амалии «Коршиноси иқтисодӣ» якҷоя бо конференсияи илмӣ-амалии донишкадавӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиши илмӣ-амалӣ масъалаҳои назария ва амалияи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар шароити рушди Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Сардори Раёсати илм ва инноватсия Муқимов Қ.М. кори ҳамоишро оғоз бахшида, аҳли иштирокчиёнро бо муҳтавои мавзӯъ шинос кард. 
Баромадкунандагон: Фирӯз Саидов, муовини роҳбари лоиҳаҳои рушди иқтидори мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим (Бонки рушди Осиё) дар мавзӯи «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим», Одилҷон Улуғов, муаллими калони кафедраи фанҳои табиатшиносӣ дар мавзӯи «Оқибатҳои хатарноки тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба инсоният», Комрон Рӯзиев, корманди Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Тағйирёбии иқлим ва таъсири он дар Тоҷикистон», Ҷамила Мансурова, ассистенти кафедраи фанҳои табиатшиносӣ дар мавзӯи «Раванди мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон», Саъдихоҷа Маъдиев, дотсенти кафедраи суғурта дар мавзӯи «Масъалаҳои молиявии баэътидоловарии иқлим дар Тоҷикистон» маърӯзаҳо карданд. 
Чунонки Саидов Ф. дар баромади хеш иброз дошт, асоси ташаккул додан мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, дуруст ба роҳ мондани омӯзиши ин масъала дар заминаи рушди зеҳнӣ мебошад. Мавқеи ҷуғрофии кишвар торафт зарурати ташаккулёфтаи фондҳои махсусгардонидашудаи таъйиноти эгологӣ дошта, пуртазодӣ ва масъулиятнокии молиявии кишварҳои бештар таъсиркунандаро ба муҳити атроф, зарурати арзёбии нишондиҳандаҳои ҳассоснокӣ, осебпазирӣ ва хатарҳо зимни мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро дар робита ба татбиқи лоиҳаҳо ба миён овардааст. Дар баромадҳо хатарнокии тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба инсоният, тағйирёбии иқлим ва таъсири он дар кишвар, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар мамлакат дида баромада шуданд. Дотсент Маъдиев С. дар баромадаш оид ба масъалаҳои молиявии баэътидоловарии иқлим дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҳозиринро ба тақвиятдиҳии идоракунии ин масъалаҳо аз ҳисоби фаъолгардонии истифодаи усулҳои омории таҳлилии чорабиниҳои ҳифз ва самаранок истифодабарии захираҳои табиӣ ва молиявӣ равон намуд, ки хело актуалӣ буд. 
Дар музокира Қаландаров А., мудири кафедраи фанҳои табиатшиносӣ иштирок намуда, бо мақсади минбаъд пеш гирифтани роҳҳои илман асоснок ва ба эътибор гирифтани зарурати ҳимояи инсоният аз фоҷиаҳои антропологӣ андешаҳои худро баён кард.
Дар доираи масъалаи баррасишуда ширкаткунандагон ба маърӯзачиҳо савол дода, ҷавобҳои пурмазмун гирифтанд. Маҳфил тасмим гирифтааст, ки аз натиҷаи масъалаи ҳаллу фасл гардида, ба вазоратҳои дахлдор тавсия ва таклифҳои мушаххасро пешниҳод намояд.


Саъдихоҷа Маъдиев, котиби маҳфили «Коршиноси иқтисодӣ»