Хабарҳо

Омӯзгорони ҷавон маҳорати педагогӣ меомӯзанд
Ташкили пайвастаи курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишии «Маҳорати педагогӣ» дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст. Бояд гуфт, ки тарзу восита ва роҳу усулҳои беҳтар кардани сатҳи сифати таълим ва ҷараёни таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба омӯзгорон бастагӣ дорад. Зеро дар замони муосир омӯзгор бояд дорои ҷаҳонбинии илмӣ, дониши васеъ, малака ва маҳорати касбӣ бошад. Ташкил ва баргузории курсҳои омӯзишӣ низ бо мақсади такмили ихтисоси омӯзгорон ва сайқал додани маҳорати касбии онҳо роҳандозӣ шудааст.
Курсҳои омӯзишии навбатӣ аз 25 январ оғоз гардида, то 31 январи соли 2017 идома ёфт. Онро олими соҳаи педагогика, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарии донишкада Саъдулло Носиров бо маҳорат ва сифати баланд гузаронид. Ба омӯзиш беш аз 40 нафар ассистентон ва муаллимони ҷавони камтаҷрибаи кафедраҳо ҷалб шуданд.
Бояд гуфт, ки дар машғулиятҳо муаммоҳои таълим, тарбия, моҳият, принсип ва хусусиятҳои таълим, методҳои наву инноватсияи таълим, равандҳои педагогӣ, маҳорат ва қобилияти педагогӣ, механизмҳои таъсиррасонӣ, эътибори муаллим ва ҳамзамон роҷеъ ба мушкилоти муаллимону усулҳои азбарнамоии дониш, малака ва маҳорати донишҷӯён мавриди баҳс ва омӯзиш қарор дода шуд.
Ҳамчунин мавзӯъҳо дар боби психологияи омӯзгорӣ, мизоҷ ва психологияи таълимгиранда баррасӣ шуданд.
Мубоҳиса ва саволу ҷавобҳо перомуни мавзӯъҳои актуалии педагогика бештар доир шуда, бо овардани мисолҳо аз ҳолати воқеӣ дар дарсҳо барномаи курсҳои омӯзишии мазкур роҳандозӣ шуданд.
Бояд таъкид кард, ки муаллимони ҷавон бо таваҷҷуҳи зиёд ба ин курсҳо шомил гардида, майлу рағбат зоҳир менамоянд ва кӯшиши сайқал додани малакаи худро доранд. Онҳо аз устод Носиров С. ба саволҳо ва роҳҳои ҳалли мушкилоти худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Пас аз анҷоми курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишии «Маҳорати педагогӣ» ба шунавандагон Сертификат дода мешавад.
Ҷои зикр аст, ки аз ин курсҳои омӯзишӣ гузаштан хоса барои мутахассисони соҳаҳои ғайрипедагогӣ, ки дар самти таълиму тарбия фаъолият мебаранд, аз манфиат холӣ нахоҳад буд.
Машҳура Абдуллоева