Хабарҳо

Нигоҳе ба масъалаҳои Паём
Санаи 25-уми январи соли 2017 бо ташаббуси кафедраи фанҳои гуманитарӣ дар ҳамбастагии кафедраи назарияи иқтисодии ДМИТ маҳфили «Фарҳангдӯст» дар мавзӯи «Масъалаҳои муҳимтарини иқтисодӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар баргузории маҳфил устодони кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва кафедраи назарияи иқтисодӣ, инчунин якчанд нафар кураторони гурӯҳҳои академӣ ва устодони донишкада ширкат варзида, масъалаҳои рушди иқтисоди дохилӣ ва хориҷӣ, ташаккули неруҳои зеҳнӣ ва эҷодӣ, тафаккури миллӣ, воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави саноативу аграриро баррасӣ намуданд.
Роҳбари маҳфил Ғуломҷон Мирзоев чорабиниро ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки хушбахтона, бо шарофати истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеъ ва ҷойгоҳи иқтисоди дохилию хориҷиашро имрӯз дар шумори кишварҳои дигар дар арсаи байналмилалӣ пайваста устувор менамояд ва ҷиҳати расидан ба таъмини осоиштагӣ, беҳбуд ва рушду шукуфоии беш аз пеши иқтисоди миллӣ ба комёбиҳои дигар низ мушарраф мегардад.
Профессори кафедраи назарияи иқтисодии ДМИТ ва коршиноси масоили иқтисодӣ Аброр Мирсаидов дар идома афзуд, ки ҳангоме иқтисодиёт дар рушди омилҳои инсонӣ ва зеҳнии он мусоидат карда метавонад, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилаи он рушд ёбад. Дар рушди омилҳои зеҳнӣ бевосита нақши иқтисодиёт назаррас буда, дар ин самт моро мебояд, маҷмӯи маҳсулоти дохилиамонро рушд ва инкишоф диҳем. Мусаллам аст, ки ин омил бевосита вобаста ба малакаву маҳорати худи мо зиёиён ва маорифпарварон мебошад, ки неруҳои зеҳнии босифат ва мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи давру замонро тарбия намоем.
Сипас дотсенти кафедраи суғурта Саъдихоҷа Маъдиев зимни баромадаш дар музокира изҳор дошт, ки рушди иқтисоди миллӣ ва неруи зеҳнию эҷодӣ ин вобаста ба истеҳсолоти ватанӣ буда, бояд маҷмӯи маҳсулоти миллӣ ва методологияи илмӣ равнақу инкишоф ёбад. Агар ҷамъият тамоми қувваи худро истифода кунад, давлат пеш меравад. Маҳорат, чусту чолокӣ, ҳосилнокии меҳнат ва таносуби он омили рушди ҷомеа мебошад.
Бояд қайд кард, ки дар ҷараёни баргузории маҳфил байни иштирокчиён баҳси кушод доир ба мавзӯи мазкур ҷараён гирифт.
Мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ Асадулло Муллоҷонов доир ба масъалаи матраҳшаванда фикру андешаи хешро изҳор дошта, қайд кард, ки ташаккули қувваҳои зеҳнӣ ва рушди иқтисодиёт ин пеш аз ҳама, аз пешрафт ва тавлиди неруҳои зеҳнии иттилооти баланддошта ва дар ин баробар афзоиши маҳсулоти содиротӣ алоқаманд мебошад.
Дар фарҷоми маҳфил ширкаткунандагон ба маърузачиён саволҳо дода ҷавобҳои пурмазмун гирифтанд.
Ҳасан Бойназаров,
устоди кафедраи фанҳои гуманитарӣ