Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Форуми сайёри ҷавонон

Форуми сайёри ҷавонон

Боиси ифтихор ва сарфарозии кулли мардуми шарафманди Тоҷикистон аст, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Маҷмаи Созмони Милали Муттаҳид бо ҷонибдории 192  давлати ҷаҳон солҳои 2018-2028 даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» эълон гардид. Инчунин Пешвои миллат дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон намуданд. 
Вобаста ба ин иқдоми наҷиб устодону донишҷӯёни ДМИТ ин рӯйдодҳои муҳимми кишварро бо хушнудӣ истиқбол намуда, Форуми сайёри ҷавононро баргузор намуданд ва субҳи 27 январи соли 2017 тавассути қатораи Душанбе-Қӯрғонтеппа–Кӯлоб 130 нафар донишҷӯён ва 50 нафар устодони донишкада ба шаҳри бостонии Кӯлоб сафар карданд.
Барномаи сафар, аслан, аз шиносоӣ пайдо намудан бо корхонаҳои азими саноатии ватанӣ, ки аз дастовардҳои даврони истиқлолият маҳсуб меёбанд ва пайванди дӯстию ҳамкорӣ бо донишҷӯёну устодони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ иборат буд. 
Тибқи ҷадвали ҳаракат қатора дар истгоҳи шаҳри Ёвон таваққуф намуд ва донишҷӯёну устодони ДМИТ-ро намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии ноҳия ва ҳайати роҳбарикунандаи ҶДММ «Ширкати байналмилалии истеҳсолии Чжунгтсай моҳир семент»-и Ёвон бо самимияти хос пешвоз гирифтанд.
Saf_K4001.jpgПас аз истиқболи гарму ҷӯшон донишҷӯён ва устодон аз ҶДММ «Ширкати байналмилалии истеҳсолии Чжунгтсай моҳир семент» дидан намуданд. Тавре Барфихон Холов, ҷонишини директори ин корхона иттилоъ дод, корхонаи мазкур яке аз калонтарин заводҳои истеҳсоли семент дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, иқтидори солонааш ба 1,2 млн тонна семент баробар аст. Инчунин корхонаи мазкур яке аз аввалинҳо шуда, дар мамлакат сехи истеҳсоли халтаҳои полиэтилениро ба роҳ мондааст, ки дар як шабонарӯз 260 ҳазор дона истеҳсол мекунад.
Бо таассуроти зиёд донишҷӯёну устодон баъд аз нимаи рӯз ба шаҳри Кӯлоб раҳсипор гаштанд. Дар истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Данғара намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ (муовинони раис ва мақомоти бехатарии ноҳияи Данғара) ҳайати устодону донишҷӯёнро пешвоз гирифтанд.
Субҳи 28 январ дар назди бинои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳайати 180 нафараи ДМИТ-ро роҳбарият, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳи мазкур бо барномаи тарҳрезишудаи консертӣ ва ташкил намудани саёҳати хотирмон қабул карданд.
Дар толори фарҳангии ин донишгоҳ Форуми якҷоя оғоз гардида, қариб 2 соат идома ёфт. Намояндагон ва донишҷӯёни ҳарду муассисаи таҳсилоти олӣ дар фазои дӯстона доир ба сиёсати ҷавонон, нақши ҷавонон дар ҷомеа, масъалаи тағйирёбии иқлим ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар масоили об маърузаҳо карданд ва барномаи ҷолиби фарҳангӣ доир намуданд, ки хеле рангоранг ва хотирмон буд.  
Сипас иштирокчиёни Форум яке мавзеъҳои таърихии шаҳри бостонии Кӯлоб - Осорхонаи Мир Саид Алии Ҳамадониро дидан карданд.  
Қобил ба қайд аст, ки сафари мазкур имкон дод, ки донишҷӯён ва устодони ДМИТ аз музаффариятҳо ва дастовардҳои навини мамлакатамон, ба монанди кушодашавии роҳи оҳани Душанбе–Қӯрғонтеппа-Кӯлоб, таъсиси корхонаи азими сементбарории ҶДММ «Ширкати байналмилалии истеҳсолии Чжунгтсай моҳир семент» ва аз бинои нави Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дидан карда, дӯстони нав пайдо намоянд, ки ин рӯйдод метавонад то дергоҳ дар хотири ҳар як иштирокчӣ боқӣ монад.


Saf_K401.jpg Saf_K403.jpg


















Хисрав Муҳиддинов