Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Баррасии муаммои суғурта

Баррасии муаммои суғурта

Санаи 30-юми январи соли равон дар кафедраи суғуртаи факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ дар мавзӯи «Муаммоҳои ташаккули суғуртаи ҳаёт» мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он устодону донишҷӯёни донишкада ва намояндагони сохторҳои дахлдор иштирок намуданд.
Нахуст муовини ректор оид ба илм, дотсент Ғ. Ашӯров дар бораи моҳият ва мақсади гузаронидани мизи мудаввар, ки аз Паёми Президенти мамлакат бармеояд, ибрози андеша намуд.
Сармутахассиси раёсати ислоҳоти иқтисодӣ ва рушди бахши хусусии Вазорати рушди иқтисод ва савдо С. Қудратов  дар мавзӯи «Зарурат ва таҳияи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» баромад намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки дар шароити имрӯза нақши ширкатҳои суғуртавии ватанӣ моро қаноат намекунад, чунки дар сохтори ММД-и мамлакат нақши ширкатҳои суғуртавӣ ҳиссаи камро ишғол менамояд. 
Ба андешаи мавсуф, аз рӯйи тадқиқоти вазорати мазкур дар соҳаи суғурта 9 муаммо, аз қабили бехабар ва беэътимод донистани фаъолияти суғурта, рақобатнокӣ, пардохтпазирӣ, фондҳои оинномавии ширкатҳо, азнавсуғуртакунӣ, реклама, самаранокӣ, даромаднокӣ ва андозбандӣ мавҷуд аст, ки онҳоро бояд ҳаллу фасл намуд.
Ҳуқуқшиноси КВДС «Тоҷиксармоягузор» И. Ҷумъаев дар мавзӯи «Низом ва унсурҳои асосии суғурта» баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки ҳарчанд имрӯз қонуни нав дар бораи фаъолияти суғурта қабул шудааст, лекин дар ин самт проблемаҳои зиёде ҷой доранд, ки садди роҳи рушди он мегардад. Мавсуф пешниҳод намуд, ки бояд мушкилоти ҷойдошта аввалан аз нигоҳи ҳуқуқӣ ҳал карда шаванд ва ин вобастагӣ дорад бо шартномаи суғурта, полисҳои суғуртавӣ ва ғайра.
Намояндаи назорати давлатии суғуртаи назди Бонки миллии Тоҷикистон Р. Раҷабов дар тақвияти сухани болозикр илова намуд, ки дар раванди суғуртакунӣ ширкатҳои суғуртавӣ бояд барои бештар ҷалб намудани суғурташавандаҳои потенсиалӣ роҳнома, яъне тарғиби ҳар як намуди суғуртаро ҷорӣ намоянд.
Сармутахассиси шуъбаи суғуртаи шахсии КВД «Тоҷиксуғурта»  Ҳ. Шарипов дар навбати худ изҳор намуд, ки дар шароити имрӯза бархе аз ширкатҳои хусусӣ, ки иҷозатнома барои гузаронидани суғуртаи ҳатмиро надоранд, мустақилона бо ин намуди суғурта фаъолият менамоянд, ин ҳам дар ҳолест, ки ин вазифа танҳо ба уҳдаи КВД «Тоҷиксуғурта» вогузор карда шудааст. Ба ин масъала назорати давлатии суғуртавӣ бояд диққати махсус диҳад.
Дар идомаи мизи мудаввар устоди кафедра, дотсент А. Ҳомидов дар мавзӯи «Баъзе масъалаҳои суғуртаи ҳаёт» баромад намуда, қайд кард, ки ин намуди суғурта ҳоло на он қадар актуалӣ мебошад ва барои онро рушд додан бояд зиёдтар ташвиқу тарғиб бурда шавад. 
Дар интиҳои мизи мудаввар баромадкунандагон ба саволҳои иштирокчиён посух доданд.


Н. Ҷобиров