Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Паём ва нуктаҳои муҳимтарини он

Паём ва нуктаҳои муҳимтарини он

Санаи 2-юми феврали соли 2017 бо ташаббуси садорати факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Нуктаҳои муҳимтарини Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар баргузории маҳфил устодони факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт ва кафедраи фанҳои гуманитарӣ, инчунин намояндагон аз Раёсати илм ва инноватсия ва шуъбаи тарбияи донишкада ширкат варзида, масъалаҳои рушди иқтисодӣ, ташаккули неруи зеҳнӣ ва эҷодӣ, тафаккури миллӣ, воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави саноативу аграриро баррасӣ намуданд.
Семинарро сардори Раёсати илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимов ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки бо шарофати истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеъ ва ҷойгоҳи иқтисоди дохилию хориҷиашро имрӯз дар шумори кишварҳои дигар дар арсаи байналмилалӣ пайваста устувор менамояд ва ҷиҳати расидан ба таъмини осоиштагӣ, беҳбуд ва рушду шукуфоии беш аз пеши иқтисоди миллӣ ба комёбиҳои дигар низ мушарраф мегардад.
Мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ Муллоҷонов А. дар баромади худ қайд намуд, ки рушди омилҳои зеҳнӣ бевосита дар нақши иқтисодиёт назаррас буда, дар ин самт моро мебояд маҷмӯи маҳсулоти дохилиамонро рушд ва инкишоф диҳем. Мусаллам аст, ки ин омил бевосита вобаста ба малакаву маҳорати худи мо зиёиён ва маорифпарварон мебошад, ки бо неруи зеҳнии босифат мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи давру замонро тарбия намоем.
Декани факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт Нурализода А.Н. зимни баромадаш дар музокира изҳор дошт, ки рушди иқтисоди миллӣ ин вобаста ба истеҳсолоти ватанӣ буда, бояд маҷмӯи маҳсулоти миллӣ ва методологияи илмӣ равнақу инкишоф ёбад. 
Устоди кафедраи фанҳои гуманитарӣ Сафарзода Ф. доир ба масъалаи матраҳшаванда фикру андешаи хешро изҳор дошта, қайд кард, ки ташаккули қувваҳои зеҳнӣ ва рушди иқтисодиёт ин, пеш аз ҳама, аз пешрафт ва тавлиди неруҳои зеҳнии иттилооти баланддошта ва дар ин баробар афзоиши маҳсулоти содиротӣ алоқаманд мебошад. 
Дар охир табодули афкор сурат гирифт.


Умар Воҳидов, 
муовини декан оид ба илм ва инновасия