Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Эҳтиром ба либоси миллӣ вазифаи ҳар яки мост

Эҳтиром ба либоси миллӣ вазифаи ҳар яки мост

Санаи 2 феврал дар факултети молия ва қарз ҷаласаи навбатии бонувони корманд ва донишҷӯдухтарони факултет барпо гардид.
Дар ҷаласа мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тарғиб ва эҳёи анъанаҳои неки ниёгон вобаста ба таҷлили иди байналмилалии Наврӯз мавриди баррасӣ қарор гирифт. 
Ҷамъомадро муовини ректор оид ба тарбия Зулфия Ахмедова ҳусни оғоз бахшида, сараввал мутахассиси бахши кор бо занон ва духтарони шуъбаи тарбияи донишкада Маҳбуба Ғаффороваро, ки мавсуф аз моҳи ноябри соли 2016 ба фаъолият шурӯъ намуда, минбаъд сиёсати корҳои тарбиявиро дар бахши мазкур ба зимма дорад, муаррифӣ намуд.
Сипас мавсуф дар давоми суханронии хеш вобаста ба муҳтавои мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 январи соли 2017 «Дар бораи тарғиб ва эҳёи анъанаҳои неки ниёгон дар остонаи таҷлили шоистаи Иди байналмилалии Наврӯз» маълумот дод. Нотиқ, аз ҷумла иброз дошт, ки ҷиҳати эҳё ва эҳтиром гузоштан ба анъанаҳои хоси миллии аҷдодиамон, кормандзанон ва донишҷӯдухтарони донишкадаро лозим аст, ки оғоз аз 1 марти соли 2017 пӯшидани сару либоси миллӣ аз матои атласу адрас ва чакан бо сабку услуб ва нақшу нигорҳои миллӣ духташударо роҳандозӣ намоянд.
Дар ин баробар мавсуф дар баромади худ қайд намуд, ки дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳои мазкур фармоиши ректори донишкада низ дар ин самт ба имзо расидааст, ки дар фурсати наздиктарин дастраси ҳамаи сохторҳои донишкада гардонида мешавад. 
Дар фарҷоми ҷаласа З. Ахмедова вобаста ба муди мамлакатҳои Ғарб ибрози ақида намуда, қайд кард, ки новобаста аз таъкиду хотиррасониҳои раёсати донишкада ва шуъбаи тарбия имрӯзҳо ҳастанд занону духтароне, ки либосҳои ғайритавсиявиро ба бар менамоянд, ки ин рафтори онҳо ҳамчун зан ва донишомӯзи зиёӣ қобили қабул нест.
Бояд қайд кард, ки оид ба масъалаи мазкур ҷамъомад дар ҳамаи факултетҳои донишкада низ ҷараён гирифт ва ҷамъомадагон онро бо камоли майл дастгирӣ намуданд.


Насрулло Тӯйчизода