Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Арҷгузорӣ ба либоси миллӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурист

Арҷгузорӣ ба либоси миллӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурист

Санаи 7-уми феврал дар факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт ҷаласаи навбатии Шӯрои бонувони корманд ва донишҷӯдухтарони факултет барпо гардид.
Дар ҷаласа мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тарғиб ва эҳёи анъанаҳои неки ниёгон вобаста ба таҷлили иди байналмилалии Наврӯз мавриди баррасӣ қарор гирифт. 
Ҷамъомадро муовини ректор оид ба тарбия Зулфия Ахмедова ҳусни оғоз бахшида, вобаста ба муҳтавои мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 январи соли 2017 «Дар бораи тарғиб ва эҳёи анъанаҳои неки ниёгон дар остонаи таҷлили шоистаи Иди байналмилалии Наврӯз» маълумот дод. Ӯ гуфт, ки барои эҳё кардан ва арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ дар байни омӯзгорзанон ва донишҷӯдухтарони донишкада аз 1 марти соли 2017 аз бар намудани либоси миллӣ аз матои атласу адрас ва чакан роҳандозӣ бояд шавад.
Раиси Шӯрои бонувони факултет Фарзона Мусофирова вобаста ба либоспӯшии бархе аз занону духтароне, ки либосҳои ғайритавсиявиро ба бар менамоянд, изҳори нигаронӣ кард.
Дар фарҷоми ҷаласа декани факултет Нурализода А.Н. бо бонувони факултет оид ба ташвиқу тарғиби либоси миллӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ шарҳ дод, ки дар ҷумҳурӣ зиёда аз 3,5 миллион нафар зан ба қайд гирифта шудааст, ки агар ҳар як зани тоҷик либоси миллиро истифода намояд, дар мамлакат дар солҳои наздик ташкил шудани корхонаҳои азими либосдӯзӣ ба кор фаъолият менамоянд, ки барои таъсиси ҷойи кори нав барои занон ба вуҷуд меояд. 
Бояд қайд кард, ки ин масъаларо иштирокчиёни ҷамъомад – 58 нафар духтарон ва 11 нафар бонувони факултет хуш қабул карданд.